https://sputnik.tj/20250902/naftu-gaz-kasa-hamkoriho-tojikiston-pokiston-gustarish-1070764529.html
Аз нафту газ то КАСА -1000: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон густариш меёбанд
Аз нафту газ то КАСА -1000: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон густариш меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Пекин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишварро баррасӣ карданд
2025-09-02T11:55+0500
2025-09-02T11:55+0500
2025-09-02T12:05+0500
дар тоҷикистон
покистон
ҳамкорӣ
мулоқот
иқтисод
сиёсат
энергетика
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070760279_276:53:2040:1045_1920x0_80_0_0_80d2f95f905467c678da7be808ff738e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуд.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Чин сурат гирифт.Ба иттилои Хадамоти матбуот роҳбарони ду кишвар дар ин дидор масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа муҳокима намуданд.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар роҳи баррасӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ муҳим дониста шуд.Ҷонибҳо хостори бештар фаъол гардидани дигар василаҳои пешбурди ҳамкорӣ, аз ҷумла Гурӯҳи кории нафту газ, энергетика ва Шӯрои муштараки соҳибкорон шуданд.Тарафҳо қайд карданд, ки дар шароити кунунӣ барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калидӣ дорад.Дар ин самт таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар иқдоми муассир шумурда шуд.Алоқамандии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ иброз гардид.Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи КАСА-1000 муҳим арзёбӣ гардид.Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ба пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20250901/rahmon-putin-munosibat-dujonibaro-barrasi-1070742728.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070760279_194:0:2014:1365_1920x0_80_0_0_eed61007f18bb08abe1c73c271b6a42a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, каса-1000, нафту газ, пекин, эмомалӣ раҳмон, шаҳбоз шариф
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, каса-1000, нафту газ, пекин, эмомалӣ раҳмон, шаҳбоз шариф
Аз нафту газ то КАСА -1000: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон густариш меёбанд
11:55 02.09.2025 (Навсозишуда: 12:05 02.09.2025) Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Пекин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Чин сурат гирифт.
Ба иттилои Хадамоти матбуот роҳбарони ду кишвар дар ин дидор масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа муҳокима намуданд.
“Рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ зарур дониста шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар роҳи баррасӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарии ду кишвар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ муҳим дониста шуд.
Ҷонибҳо хостори бештар фаъол гардидани дигар василаҳои пешбурди ҳамкорӣ, аз ҷумла Гурӯҳи кории нафту газ, энергетика ва Шӯрои муштараки соҳибкорон шуданд.
Тарафҳо қайд карданд, ки дар шароити кунунӣ барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ин самт таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар иқдоми муассир шумурда шуд.
Алоқамандии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ иброз гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи КАСА-1000 муҳим арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ба пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.