https://sputnik.tj/20250901/rahmon-putin-munosibat-dujonibaro-barrasi-1070742728.html
Раҳмон ва Путин муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Раҳмон ва Путин муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш дар Чин дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд
2025-09-01T18:52+0500
2025-09-01T18:52+0500
2025-09-01T18:52+0500
дар тоҷикистон
русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
музокира
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070741421_0:0:2827:1591_1920x0_80_0_0_d007de16df09e4f521984fc9a16480e8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо президенти Владимир Путин масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Роҳбари Русия зимни мулоқт зикр кард, ки дар соли ҷорӣ мулоқотҳои зиёди шахсӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дошт.Вай гуфт, тамосҳо дар ҷараёни чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ идома хоҳанд ёфт.“Мо дар соли ҷорӣ джидору мулоқотҳои зиёди шахсӣ доштем – имрӯз ҳам чунин мулоқот сурат мегирад ва баъдан як қатор чорабиниҳо дар Тоҷикистон дорем. Мо низ барои ширкат дар ин чорабиниҳо омодагӣ мегирем. Як қатор мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн вуҷуд доранд", - гуфт раҳбари Русия.Раҳмон дар навбати худ гуфт, ки мехоҳад бо Путин "баъзе нозукиҳо ва масъалаҳои омодасозии се чорабинии хеле бузургро, ки ба зудӣ дар Душанбе баргузор мешаванд" баррасӣ кунад."Пеш аз ҳама, ин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст. Ва муҳимтарин масъалаи рӯзнома нишасти сарони кишварҳои ИДМ аст. Боздиди давлатӣ. Аз ин рӯ, ман мехостам ба шумо мухтасар дар бораи чӣ гуна ҷараён доштани омодагиҳо ба ин рӯйдодҳо иттилоъ диҳам",-гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.Путин илова кард, ки ҳаҷми равобити мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба чунин мулоқотҳо ниёз дорем."Бо вуҷуди ин, мо бо шумо дар тамос ҳастем." Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин аз ҳамкории доимии ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон таъкид карда, қайд кард, ки раҳбарон дар ҳолати зарурӣ ҳамеша ба ҳамдигар занг мезананд.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ду роҳбар дар ин дидор доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.Инчунин Раҳмон ва Путин ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.Тарафҳо асъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20250901/pizishkiyon-hamkori-tehronu-dushanbe-gustarish-1070735676.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070741421_7:0:2736:2047_1920x0_80_0_0_77b6f90ddabf67d57fd8bdafd2bfd42c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, мулоқот, музокира, путин, раҳмон, чин, сҳш, сиёсат
русия, тоҷикистон, мулоқот, музокира, путин, раҳмон, чин, сҳш, сиёсат
Раҳмон ва Путин муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш дар Чин дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо президенти Владимир Путин масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Роҳбари Русия зимни мулоқт зикр кард, ки дар соли ҷорӣ мулоқотҳои зиёди шахсӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дошт.
Вай гуфт, тамосҳо дар ҷараёни чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ идома хоҳанд ёфт.
“Мо дар соли ҷорӣ джидору мулоқотҳои зиёди шахсӣ доштем – имрӯз ҳам чунин мулоқот сурат мегирад ва баъдан як қатор чорабиниҳо дар Тоҷикистон дорем. Мо низ барои ширкат дар ин чорабиниҳо омодагӣ мегирем. Як қатор мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн вуҷуд доранд", - гуфт раҳбари Русия.
Раҳмон дар навбати худ гуфт, ки мехоҳад бо Путин "баъзе нозукиҳо ва масъалаҳои омодасозии се чорабинии хеле бузургро, ки ба зудӣ дар Душанбе баргузор мешаванд" баррасӣ кунад.
"Пеш аз ҳама, ин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст. Ва муҳимтарин масъалаи рӯзнома нишасти сарони кишварҳои ИДМ аст. Боздиди давлатӣ. Аз ин рӯ, ман мехостам ба шумо мухтасар дар бораи чӣ гуна ҷараён доштани омодагиҳо ба ин рӯйдодҳо иттилоъ диҳам",-гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Путин илова кард, ки ҳаҷми равобити мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба чунин мулоқотҳо ниёз дорем.
"Бо вуҷуди ин, мо бо шумо дар тамос ҳастем." Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин аз ҳамкории доимии ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон таъкид карда, қайд кард, ки раҳбарон дар ҳолати зарурӣ ҳамеша ба ҳамдигар занг мезананд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ду роҳбар дар ин дидор доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
Инчунин Раҳмон ва Путин ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Тарафҳо асъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.