Дар Тоҷикистон тамринҳои нерӯҳои посдори сулҳи СПАД баргузор мешаванд

© Sputnik / Ертай Сарбасов / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие Таджикистана на командно-штабных учениях ОДКБ "Нерушимое братство-2024". Архивное фото
Военнослужащие Таджикистана на командно-штабных учениях ОДКБ Нерушимое братство-2024. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2025
Обуна шудан
Машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ҳамчунин дар тамрингоҳҳои Белорус ва Қирғизистон низ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон размоишҳои муштараки низомии нерӯҳои посдори Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Бародарони вайроннашаванда-2025" дар назар аст.
Тамринот аз 14 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахробод баргузор мешаванд, гуфт сардори ситоди муштарак Андрей Сердюков.
Бори аввал дар доираи машқҳои посдори сулҳ як тамрини вижа бо ҳайати муштараки муҳофизат ва дастгирии тиббии "Садд-2025" баргузор мешавад.
"Дар нақша гирифта шудааст, ки вазифаҳои рафъи таҳдидҳои биологӣ ба манфиати нерӯҳои дастаҷамъии сулҳпарвар амалӣ карда шаванд", - гуфт Сердюков дар брифинг.
Ҳамин тариқ, муҳим аст, ки марҳилаҳои фаъоли машқҳо дар якҷоягӣ бо марҳилаи ниҳоии тамриноти муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ "Мубориза бо терроризми Иттиҳод-2025" баргузор шаванд.
Ҳамчунин, моҳи сентябр дар Белорус дар тамрингоҳи “Лосвидо” ва “Лепелский” машқҳои муштараки “Муомила-2025”, тамринҳои вижа бо нерӯҳои иктишофӣ ва воситаҳои “Ҷустуҷӯ-2025” ва таъминоти логистикии “Эшелон-2025” баргузор мешаванд.
Даҳаи дуюми моҳи сентябр дар маркази таълимии "Эделвейс" дар қаламрави Қирғизистон тамрини фармондеҳии "Сарҳад-2025" бо воҳидҳои Нерӯҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2025
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СПАД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард
Дар рафти тамоми тайёрй пешбинй карда шудааст, ки оид ба масъалахои баланд бардоштани самаранокии истифодаи куввахои коллективй бо чалби мутахассисони тахассуси ташкилотхои базавии таълимй-методй ва илмии СПАД тадкикот гузаронда шавад.
Дар тамринҳои муштараки СПАД имсол беш аз 5 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Дар чорабиниҳо нозирон аз Узбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Чин ва Салиби Сурх ҷамъ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0