Раҳмон масъулинро барои омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 муваззаф кард

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Заседание правительства республики Таджикистан
 Заседание правительства республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Обуна шудан
Дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва пахши телевизиони рақами, омодагӣ ба тирамоҳу зимистону ҷашни истиқлол баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон бораи Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки ин Барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ таҳия гардидааст.
Таъкид шудааст, ки барои дар амал татбиқ кардани он қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул шуд.
Раҳмон дар ҷаласа ба Вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барномаро дар доираи маблағҳои муайяншуда амалӣ карда, аз натиҷааш ҳамасола ба Ҳукумат гузориш диҳанд.
Ҳамчунин дар маҷлиси ҳукумат Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуд.
Эмомали Рахмон принял Заместителя Премьер-министра, Министра иностранных дел Республики Казахстан Мурата Нуртлеу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Раҳмон Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ имзо кард
Қайд карда шудааст, ки мақсади таҳияи Барнома фарогирии пурраи минтақаҳои кишвар бо мавҷи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши рақамӣ, инчунин такмили инфрасохтор ва қонеъсозии ниёзҳои иттилоотии ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад.
Дар кори маҷлис ҳамчунин корҳо барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муҳокима гардид.
Президенти кишвар дар ин маҷлис таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.
Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон бапрои вусъат бахшидани тадбирҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошт.
Лентаи хабарҳо
0