Раҳмон Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ имзо кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял Заместителя Премьер-министра, Министра иностранных дел Республики Казахстан Мурата Нуртлеу
Эмомали Рахмон принял Заместителя Премьер-министра, Министра иностранных дел Республики Казахстан Мурата Нуртлеу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки татбиқи ҳамаҷонибаи санади мазкур омили таъмину таҳкими сулҳу субот ва рушди босубот дар минтақа мегардад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри бисту якро имзо кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, маросими имзои ин Аҳднома баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки кори муштарак дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи санади мазкур омили таъмину таҳкими сулҳу субот ва рушди босубот дар минтақа мегардад.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самтҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ шуд.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев наградил Рустами Эмомали орденом Достық II степени за весомый вклад в углубление двустороннего стратегического партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2025
Тоқаев ба Рустами Эмомалӣ Ордени Дустӣ дод
Ҳамзамон, тарафҳо ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
“Таъкид карда шуд, ки пешбурди пайгиронаи он ба маҷмуи муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат мерасонад”, - қайд кардаасти Хадамоти матбуоти президент.
Ҳамчунин, дар ин дидор ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва рафти омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ ва вохӯрӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Русия” дар Душанбе баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0