ВКД "Маркази тамоси электронӣ барои қабули муроҷиатҳо" роҳандозӣ кард

© Foto / Управление внутренних дел г. ДушанбеЭлектронный контакт-центр по приёму обращений в Душанбе
Электронный контакт-центр по приёму обращений в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2025
Обуна шудан
Сокинони пойтахти Тоҷикистон акнун метавонанд бо истифода аз рақами махсуси телефонӣ шабонарӯзӣ аз ин марказ истифода баранд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Душанбе, Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон таъсис дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Марказ бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, қабули бемамонияти зангҳои телефонӣ ва сафарбарии таъҷилии гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба макони ҳодиса, роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи ВКД шаҳрвандон метавонанд дилхоҳ вақт ба мақомоти милитсия пойтахт тавассути рақамҳои 102 ва 02 дар тамос шаванд.
© SputnikВКД "Маркази тамоси электронӣ барои қабули муроҷиатҳо" роҳандозӣ кард
ВКД Маркази тамоси электронӣ барои қабули муроҷиатҳо роҳандозӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2025
ВКД "Маркази тамоси электронӣ барои қабули муроҷиатҳо" роҳандозӣ кард
Шаҳрвандон ба ин рақамҳо метавонанд дар бораи ҳодисаҳои гуногун, муроҷиат ва ё арзу шикояти худро расонанд.
“Ин иқдом имконият медиҳад, то ки шаҳрвандон бо милитсия дар алоқаи зич қарор дошта, кормандони милитсия ошкор ва пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунию ҷинояткориро саривақт таъмин намоянд”, - ққайд кардааст ВКД.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон усули нави вокуниши сареъ ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳандозӣ шудааст.
Новое здание Управления Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по городу Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2025
Раҳмон бинои нави Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
Акнун ҳар кас метавонад бе хабар додани ному насаб ва тариқи мессенҷер ба ВКД шикоят баранд, хабар дод ВКД.
Раёсати ВКД шаҳри Душанбе барои саривақт қабул кардани дархостҳои сокинон дар Telegram ва WhatsApp саҳифаҳои махсусро фаъол кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0