https://sputnik.tj/20250819/rahmon-binoi-nav-rayosat-vkd-tojikiston-dushanbe-1070206847.html
Раҳмон бинои нави Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
Раҳмон бинои нави Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Синои пойтахт қомат афрохтааст
2025-08-19T16:59+0500
2025-08-19T16:59+0500
2025-08-19T17:37+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
бино
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/13/1070202179_0:239:2560:1679_1920x0_80_0_0_f6345c4e0fea2d2a96a151aa68c1cefd.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст.Қайд карда шудааст, ки иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст.Хабар дода шудааст, ки кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.Ҳангоми шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид.Раисҷумҳури кишвар зимни шиносоӣ аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб кард, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд.
https://sputnik.tj/20250819/vkd-tojikiston-shohin-pahpodu-asliha-1070194331.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/13/1070202179_58:0:2501:1832_1920x0_80_0_0_c678f69e366fe080adaada658d5d368c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, раёсати вкд тоҷикистон дар душанбе, бинои нав, ифтитоҳ, сино
тоҷикистон, вкд, раёсати вкд тоҷикистон дар душанбе, бинои нав, ифтитоҳ, сино
Раҳмон бинои нави Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард
16:59 19.08.2025 (Навсозишуда: 17:37 19.08.2025) Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Синои пойтахт қомат афрохтааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст.
Хабар дода шудааст, ки кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Ҳангоми шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид.
Раисҷумҳури кишвар зимни шиносоӣ аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб кард, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд.