https://sputnik.tj/20250828/tojikiston-rusiya-hamkori-ilmu-maorif-taqviyat-1070528152.html
Тоҷикистон бо як вилояти Русия ҳамкориҳояшро дар заминаи илму маориф тақвият мебахшад
Тоҷикистон бо як вилояти Русия ҳамкориҳояшро дар заминаи илму маориф тақвият мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Томски Русия ба вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад
2025-08-28T16:59+0500
2025-08-28T16:59+0500
2025-08-28T19:02+0500
дар тоҷикистон
русия
маориф
ҳамкорӣ
равобит
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056140628_210:0:3430:1811_1920x0_80_0_0_3253e11bb7ae5ba2f269b80341a3b140.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳамкориҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо вилояти Томски Русия тақвият хоҳанд ёфт.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ин масъала дар вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати расмии вилояти Томски Русия таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят баррасӣ шуд.Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ ба муносибатҳои илмию таълимӣ бо Русия ба ҳайси шарики муҳимми стратегӣ менигарад ва аҳаммияти табодули таҷриба, гузаронидани тадқиқоти муштаракро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва вилояти Томск заминаи мусоид дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад.Муовини раиси вилояти Томск дар навбати худ изҳор дошт, ки имконоти мавҷудаи вилояти Томск барои густариши робитаҳои мустақим бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.Вай пешниҳод намуд, ки дар баробари рушди ҳамкориҳо дар самти тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон афзоиш ёбад ва сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад.Дар ин дидор тарафҳо масоили густариши робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаи маориф, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқоти илмии муштарак ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҳамчунин ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, такмили забондонӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик ва дастрасии васеъ ба имкониятҳои платформаҳои таҳсилоти фосилавии Русия дар маркази таваҷҷуҳи минбаъдаи ду кишвар баррасӣ гардид.
https://sputnik.tj/20250828/tojikistonu-rusiya-jalb-qonuni-muhojiron-tomsk-1070520905.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056140628_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_3183bc138affc3b13f612f5e19d66391.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, маориф, илм, тақвият, томск
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, маориф, илм, тақвият, томск
Тоҷикистон бо як вилояти Русия ҳамкориҳояшро дар заминаи илму маориф тақвият мебахшад
16:59 28.08.2025 (Навсозишуда: 19:02 28.08.2025) Мақомоти вилояти Томски Русия ба вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳамкориҳои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо вилояти Томски Русия тақвият хоҳанд ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала дар вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати расмии вилояти Томски Русия таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят баррасӣ шуд.
Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ ба муносибатҳои илмию таълимӣ бо Русия ба ҳайси шарики муҳимми стратегӣ менигарад ва аҳаммияти табодули таҷриба, гузаронидани тадқиқоти муштаракро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва вилояти Томск заминаи мусоид дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад.
Муовини раиси вилояти Томск дар навбати худ изҳор дошт, ки имконоти мавҷудаи вилояти Томск барои густариши робитаҳои мустақим бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Вай пешниҳод намуд, ки дар баробари рушди ҳамкориҳо дар самти тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон афзоиш ёбад ва сафари ҳайатҳои илмӣ ва маорифӣ аз ҳар ду ҷониб мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар ин дидор тарафҳо масоили густариши робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаи маориф, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилоти фосилавӣ, таҳқиқоти илмии муштарак ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, такмили забондонӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик ва дастрасии васеъ ба имкониятҳои платформаҳои таҳсилоти фосилавии Русия дар маркази таваҷҷуҳи минбаъдаи ду кишвар баррасӣ гардид.