https://sputnik.tj/20250828/tojikistonu-rusiya-jalb-qonuni-muhojiron-tomsk-1070520905.html
Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкориҳоро дар бораи ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия баррасӣ шуд
2025-08-28T13:19+0500
2025-08-28T13:19+0500
2025-08-28T14:00+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
томск
русия
ҷалби муҳоҷирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1c/1070519057_247:120:1941:1073_1920x0_80_0_0_e59ee56575ea89c33e324c6c05bfcdd2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳайати губернатори вилояти Томски Русия ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳайати губернатори Томск таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск оид ба сиёсати иҷтимоӣ - Грузних Светлана бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Солеҳа Холмаҳмадзода дидору мулоқот кард.Қайд карда шудааст, ки ҳайати губернатори Томск бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳои ваколатдори кишвар, ки ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар бораи ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия баррасӣ шуд.Ҳамчунин тарафҳо масоили идоракунии раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати қонунӣ, ботартиб ва бехатар дар давлати қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи қонунгузорӣ ва тартиби будубош, маҳдудиятҳои ҷорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ба мушкилӣ дучор мегарданд, табодули афкор намуданд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ба масъалаҳои шарту шароити будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа, омўзишӣ забони русӣ, навовариҳо дар соҳаи маориф, суғуртаи тиббӣ, таълими калонсолон тариқи фосилавӣ ва азнавсозии марказҳои шуғл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.“Ҳайати Томск омодагии худро барои таҳкими ҳамкории минбаъда барои таъсис додани маркази тестӣ барои санҷиши забони русӣ дар Тоҷикистон, ташкили ҷойҳои корӣ ба донишҷӯён аз муассисаҳои тиббӣ дар давоми таътил ва ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Томск барои гирифтани маълумоти босифат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.Инчунин муовини губернатори вилояти Томск ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро барои амалӣ намудани мувофиқаи бадастомада ва баррасии ташаббусҳои пешбинишуда ба вилояти Томск даъват намуд.
https://sputnik.tj/20250731/sughd-muhojirat-zanon-kohish-1069596343.html
томск
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1c/1070519057_375:110:1841:1209_1920x0_80_0_0_acd043431d46aeef0117437a09374c6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, томск, ҷалб, қонунӣ, муҳоҷирон, муҳоҷират,
тоҷикистон, русия, томск, ҷалб, қонунӣ, муҳоҷирон, муҳоҷират,
Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд
13:19 28.08.2025 (Навсозишуда: 14:00 28.08.2025) Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкориҳоро дар бораи ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳайати губернатори вилояти Томски Русия ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати губернатори Томск таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск оид ба сиёсати иҷтимоӣ - Грузних Светлана бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Солеҳа Холмаҳмадзода дидору мулоқот кард.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати губернатори Томск бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳои ваколатдори кишвар, ки ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар бораи ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия баррасӣ шуд.
Ҳамчунин тарафҳо масоили идоракунии раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати қонунӣ, ботартиб ва бехатар дар давлати қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи қонунгузорӣ ва тартиби будубош, маҳдудиятҳои ҷорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ба мушкилӣ дучор мегарданд, табодули афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ба масъалаҳои шарту шароити будубош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа, омўзишӣ забони русӣ, навовариҳо дар соҳаи маориф, суғуртаи тиббӣ, таълими калонсолон тариқи фосилавӣ ва азнавсозии марказҳои шуғл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
“Ҳайати Томск омодагии худро барои таҳкими ҳамкории минбаъда барои таъсис додани маркази тестӣ барои санҷиши забони русӣ дар Тоҷикистон, ташкили ҷойҳои корӣ ба донишҷӯён аз муассисаҳои тиббӣ дар давоми таътил ва ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Томск барои гирифтани маълумоти босифат баён намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Инчунин муовини губернатори вилояти Томск ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро барои амалӣ намудани мувофиқаи бадастомада ва баррасии ташаббусҳои пешбинишуда ба вилояти Томск даъват намуд.