https://sputnik.tj/20250827/vafoi-tojikiston-kishvare-hamlai-isroil-eron-hambastagi-1070486350.html
Вафоӣ: Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ҳангоми ҳамлаи Исроил бо Эрон ҳамбастагӣ кард
Вафоӣ: Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ҳангоми ҳамлаи Исроил бо Эрон ҳамбастагӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон бо масъулони Кумитаи миллии олимпии Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд
2025-08-27T11:59+0500
2025-08-27T11:59+0500
2025-08-27T12:57+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамбастагӣ
ҳамбастагии олимпӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1a/1068456872_0:0:2797:1573_1920x0_80_0_0_ff375d4dabd0fee6ae8d96a3c1a8c429.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистони зимни боздид аз музеи миллии варзиш, олимпик ва паралимпик бо раису дабири кули комитеи миллии олимпии Эрон дидору гуфтугӯ кард.Дар ин мулоқот Маҳмудхусрави Вафоӣ, раиси кумитаи миллии олимпии Эрон гуфт, бар асоси тафоҳумномае, ки байни ду Кумита имзо шуд умедворем дар бахшҳои академия, пизишкии варзишӣ ва федерасиюнҳо низ ҳамкорӣ ва табодул таҷрибиёт дошта бошем .Вай бахусус қайд кард, ки баъд аз таҷовузе, ки ба Эрон сурат гирифт Тоҷикистон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки зимни маҳкумияти он бо миллату давлати Эрони эълом ҳамбастагӣ кард.Дар идома Меҳди Алӣ Нажодӣ дабири кулли Кумита таъкид кард, ки ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо метавонанд муносиботи варзишии хубе дошта бошанд.“Дар заминаи табодули мураббӣ ва урдуҳои муштарак ва ё мусобиқоти якдигар дар риштаҳои ба мисли ҷудо ва бокс мо метавонем аз таҷрибиёти шумо истифода ва дар риштаҳое мисли таеквандо, куштӣ ва вазнбардорӣ низ метавонем таҷрибиёти худро дар ихтиёратон қарори диҳем”, - гуфт ӯ.Вай идома дод, ки баъд аз бозгашт аз Тоҷикистон ва суҳбатҳое, ки бо бархе руасои федератсиюнҳо доштем бар афзоиши равобити варзиши байни ду кишвар алоқаманд буданд.Раиси Кумитаи бо ҷавонону варзиши Тоҷикистони Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни мулоқот гуфт, масъулини Кумитаи олимпии Эронро ба Тоҷикистон даъват кард.Вай дар ин дидор гуфт, ҳадафи Тоҷикистон афзоиши таъомулот ва муносибот варзишӣ аст.
https://sputnik.tj/20250620/eron-tojikiston-mavqegiri-tajovuz-isroil-sipos-guft-1068276540.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/1a/1068456872_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_09e9f37be4d0f27b8aae02a9ca6e11f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамбастагӣ, варзиш, кумитаи олимпӣ, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, эрон, ҳамбастагӣ, варзиш, кумитаи олимпӣ, ҳамкорӣ, равобит
Вафоӣ: Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ҳангоми ҳамлаи Исроил бо Эрон ҳамбастагӣ кард
11:59 27.08.2025 (Навсозишуда: 12:57 27.08.2025) Раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон бо масъулони Кумитаи миллии олимпии Эрон дидор ва гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистони зимни боздид аз музеи миллии варзиш, олимпик ва паралимпик бо раису дабири кули комитеи миллии олимпии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот Маҳмудхусрави Вафоӣ, раиси кумитаи миллии олимпии Эрон гуфт, бар асоси тафоҳумномае, ки байни ду Кумита имзо шуд умедворем дар бахшҳои академия, пизишкии варзишӣ ва федерасиюнҳо низ ҳамкорӣ ва табодул таҷрибиёт дошта бошем .
Вай бахусус қайд кард, ки баъд аз таҷовузе, ки ба Эрон сурат гирифт Тоҷикистон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки зимни маҳкумияти он бо миллату давлати Эрони эълом ҳамбастагӣ кард.
“Ин амри худ баёнгар он аст, ки муносиботу таъомулот байни ду кишвари фаротар аз масоили таърихӣ ва фарҳангӣ аст, ки бисёр барои мо арзишманд буд”, - таъкид кард мақомдори эронӣ.
Дар идома Меҳди Алӣ Нажодӣ дабири кулли Кумита таъкид кард, ки ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо метавонанд муносиботи варзишии хубе дошта бошанд.
“Дар заминаи табодули мураббӣ ва урдуҳои муштарак ва ё мусобиқоти якдигар дар риштаҳои ба мисли ҷудо ва бокс мо метавонем аз таҷрибиёти шумо истифода ва дар риштаҳое мисли таеквандо, куштӣ ва вазнбардорӣ низ метавонем таҷрибиёти худро дар ихтиёратон қарори диҳем”, - гуфт ӯ.
Вай идома дод, ки баъд аз бозгашт аз Тоҷикистон ва суҳбатҳое, ки бо бархе руасои федератсиюнҳо доштем бар афзоиши равобити варзиши байни ду кишвар алоқаманд буданд.
Раиси Кумитаи бо ҷавонону варзиши Тоҷикистони Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни мулоқот гуфт, масъулини Кумитаи олимпии Эронро ба Тоҷикистон даъват кард.
Вай дар ин дидор гуфт, ҳадафи Тоҷикистон афзоиши таъомулот ва муносибот варзишӣ аст.
“Мо талош мекунем аз таҷрибаи муваффақи олимпӣ ва варзишии Эрон барои рушду иртиқои варзиши худ истифода кунем, чаро, ки варзиш василаест барои густариши сулҳу дӯстӣ ва мардуми худро аз мардуми Эрон ҷудо намедонем ва қатъан таҷориби шумо нақши басазое дар кумак ба рушди варзиш Тоҷикистон хоҳад дошт”, - гуфт Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Дар хотима аз сӯйи раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон аз академияи миллии олимпии Эрон низ боздид кард.