Эрон ба Тоҷикистон барои мавқеъгирияш дар қиболи таҷовузи Исроил сипос гуфт

© Foto / Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2025
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13 июн ҳамлаи Исроил ба хоки Эронро шадидан маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Эрон аз мавқеъи Тоҷикистон, ки таҷовузи Исроилро ба хоки Эрон маҳкум кард, изҳори сипос мекунад.
Ин ҳарфҳоро сафири Эрон дар Тоҷикистон, Алиризо Ҳақиқиён зимни як конфронси байналмилалӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ӯ аз ҷумла ба СҲШ ва кишварҳои дигар, ки амалкарди Исроилро маҳкум намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
"Ин беадолатии ошкоро қатъ мешавад ва вокуниши қотеъона ташкил хоҳад шуд, ки барои режими саҳюнистӣ дарси ибрат хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Дар идома ӯ гуфт, ин амали таҷовузкорона нақзи дағалона ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Эрон аст.
"Режими Исроил бо ҳамлаи хашмгин ба Эрон иштибоҳи бузурге кард. Ин режим таҷовузро оғоз кард, аммо Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки таҳаввулоти феълӣ тибқи нақшаҳо ва дархостҳои ин режим, Амрико ва дигар тарафдорони ғарбии он идома ёбад.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар нахустин рӯзи ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон изҳори назар кард ва шадидан амали Исроилро маҳкум кард.
"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эронро маҳкум карда, аз афзоиши ташаннуҷ дар минтақа изҳори нигаронии амиқ мекунад", - омадааст дар баёнияи вазорат.
Здание МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2025
ВУХ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Дар идома Тоҷикистон аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки худдорӣ ва риояи принсипҳои бунёдии равобити байналмилалиро риоят кунанд.
Лентаи хабарҳо
0