Сафири Белорус гуфт Хонаи савдои Тоҷикистон дар маркази Минск кай сохта мешавад

© Foto / БелТАЧрезвычайный и полномочный посол Беларуси в Таджикистане Виктор Денисенко
Чрезвычайный и полномочный посол Беларуси в Таджикистане Виктор Денисенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2025
Обуна шудан
Сафир Белорус дар Душанбе қайд кард, ки барои Хонаи савдои Тоҷикистон дар маркази Минск як гектар замин ҷудо шудааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сафири Беларус дар Душанбе Виктор Денисенко дар гуфтугӯ бо хабаргузории РИА “Новости” хабар дод, ки барои сохтмони Хонаи савдои Тоҷикистон дар маркази Минск як гектар замин ҷудо шудааст ва ҳоло дар мавриди сохтмони он, ки соли 2026 оғоз мешавад, музокирот идома дорад.
Ҳамзамон сафир дар бораи ифтитоҳи Хонаи савдо барои фурӯши молҳои Беларус дар Тоҷикистон низ изҳори назар кард.
Вай дар мусоҳиба гуфт, ки ин масъала дурнамо аст ва он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
"Дар ин масъала мо сармоягузореро меҷӯем, ки барои иҷрои ин лоиҳа омода бошад. Мо ба ӯ тамоми кумакҳои заруриро хоҳем расонд", - афзуд ӯ.
Ҳамзамон сафири Белорус дар Тоҷикистон хабар дод, ки дар ним соли соли равон табодули колои миёни ду кишвар 104,1 миллион долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи вай, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 миллион доллар бештар аст.
"Ҳаҷми гардиши мол миёни Белорус ва Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 104,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 миллион доллар бештар аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, дар муқоиса дар соли 2024 гардиши мол 95 миллион доллари ва дар соли 2023 172,5 миллион долларро ташкил дода буд.
"Дар асоси натоиҷи соли 2024 мо ба ҳадди таърихӣ дар ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба расидем ва Беларус бори аввал ба даҳгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуд. Дар соли ҷорӣ низ дурнамои хуб ба назар мерасад", - гуфт Денисенко.
Железнодорожные вагоны-цистерны для перевозки нефти и топлива на железнодорожной грузовой станции Яничкино в подмосковных Котельниках. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2025
Тоҷикистон хариди сӯзишвориро аз Русия Белорус афзоиш додааст
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир асоси содироти Беларус ба Тоҷикистонро шакар, чубу тахта, тахта ва маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти металлургӣ, мошину тракторҳо, симу кабелҳои изолятсияшуда, ширу қаймоқи конденсатсионӣ ва дигар маҳсулот ташкил медиҳанд.
"Мо меваи хушк, омехтаи чормағз ё хушкмева, ришта ва нахи пахта, маҳсулоти ҳайвонот, чормағз, халтаҳо ва халтаҳои бастабандӣ ворид мекунем. Мо ба танавуъи бахшии интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорем", - гуфт Денисенко.
Дипломат инчунин қайд кард, ки рӯзи 18 сентябр ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе баргузор мешавад, ки дар он дар баробари ҷаласаи шӯрои соҳибкорон доираҳои тиҷоратии ду кишвар ширкат мекунанд.
"Мо тамоми масъалаҳои асосии муносибатҳои иқтисодӣ ва дурнамои онҳоро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт сафир.
Лентаи хабарҳо
0