https://sputnik.tj/20250826/tavsiyai-rahmon-zarardida-khatarnok-zindagi-1070450539.html
Раҳмон ба сокинони зарардидаи Тоҷикобод: Дигар дар манотиқи хатарнок зиндагӣ накунед
Раҳмон ба сокинони зарардидаи Тоҷикобод: Дигар дар манотиқи хатарнок зиндагӣ накунед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ба сокинони зарардида аз заминларза манзилҳои нави истиқоматӣ тақдим кард
2025-08-26T19:12+0500
2025-08-26T19:12+0500
2025-08-27T00:57+0500
эмомалӣ раҳмон
видео
рашт
хона
тақдим
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070449543_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_903c3a799af0e65c201dd013dd583c20.jpg
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дод.Дар ин минтақа 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.Зимни суҳбат бо сокинони ин деҳаи нав раисҷумҳури Тоҷикистон ба онҳо тавсия дод, ки дигар дар манотиқи хатарнок зиндагӣ накунанд.Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд. Хисороти заминларза дар Рашту Тоҷикобод маълум шудҲаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.Дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.Раҳмон ба раисони Рашту Тоҷикобод занг заду аз натиҷаи супоришҳояш пурсидҲоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070449543_126:0:1566:1080_1920x0_80_0_0_148bc24229c292a24f92c994a5581231.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, видео, зарардида, заминларза. хона, тақдим, тоҷикобод, рашт
раҳмон, видео, зарардида, заминларза. хона, тақдим, тоҷикобод, рашт
Раҳмон ба сокинони зарардидаи Тоҷикобод: Дигар дар манотиқи хатарнок зиндагӣ накунед
19:12 26.08.2025 (Навсозишуда: 00:57 27.08.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ба сокинони зарардида аз заминларза манзилҳои нави истиқоматӣ тақдим кард
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дод.
Дар ин минтақа 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Зимни суҳбат бо сокинони ин деҳаи нав раисҷумҳури Тоҷикистон ба онҳо тавсия дод, ки дигар дар манотиқи хатарнок зиндагӣ накунанд.
“Он заминҳотон аз худтон, боғу роғтон аз худатон. Онро кишт кунен, лек онҷо дигар зиндагӣ кардан манъ. Ҷони одамро дар бозор намефурӯшанд. Аз ҳама ҳаёт ва саломатии инсон қимат аст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд.
Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.
Дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.