Раҳмон ба раисони Рашту Тоҷикобод занг заду аз натиҷаи супоришҳояш пурсид

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Обуна шудан
Раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ гузориш доданд, ки бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадид идома дорад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар додааст.
Зимни суҳбат раисони ҳарду ноҳия ба раисҷумҳури кишвардар бораи рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст гузориш доданд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки корҳо, тибқи супоришҳои раҳбари кишвар дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад.
Раисони ҳарду ноҳия иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.
Помощь президента пострадавшим от землетрясения в Таджикистане. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2025
Раҳмон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод боз кумак фиристод
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид дошт, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин, зимни суҳбати телефонӣ дар бораи ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст.
Вай дар бораи муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамари ҳар як ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо додааст.
Раҳмон ба раисон дастур додааст, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0