https://sputnik.tj/20250825/tojikiston-kharidi-suzishvori-rusiya-belorus-afzoish-1070398880.html
Тоҷикистон хариди сӯзишвориро аз Русия Белорус афзоиш додааст
Тоҷикистон хариди сӯзишвориро аз Русия Белорус афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар Русия ва Беларус интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш доданд.
2025-08-25T18:06+0500
2025-08-25T18:06+0500
2025-08-25T18:21+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
русия
белорус
интиқол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0a/1066166125_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_683eb013595ea5409874488a5903cc82.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли 2025 Русия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% зиёд намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ба Тоҷикистон тақрибан 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид карда шуд, дар муқоиса бо соли гузашта қариб 170 ҳазор тонна зиёд мебошад.Афзоиши бештар дар воридоти гази моеъи мушоҳида мешавад: ҳаҷми воридоти он зиёда аз 12 маротиба – аз 6,4 ҳазор то 85,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.Инчунин интиқоли сӯзишвории дизелӣ то 308,8 ҳазор тонна (28%), керосини авиатсионӣ то 41,5 ҳазор тонна (32%) ва бензин то 228 ҳазор тонна (6%) афзудааст.Қобили зикр аст, ки гази моеъ яке аз навъҳои сӯзишвориест, ки мардум онро бештар истифода мебаранд.Ба Ҷумҳурӣ асосан аз Русия ва Қазоқистон сузишворӣ ворид карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия қаблан таъкид кард, ки кишвараш ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтии зиёд ворид мекунад, ки қариб пурра талаботи Тоҷикистонро ба маводи сӯхт таъмин мекунад"Русия ба ҷумҳурӣ ҳаҷми бузурги нафту маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад, ки қариб пурра талаботи иқтисоди Тоҷикистонро ба маводи сӯхт таъмин мекунад", - қайд кард роҳбари Русия.Вай илова кард, ки интиқоли маводи сӯхт бидуни ситонидани боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад.Ба гуфтаи Путин, ширкати "Газпромнефт", ки "шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ"-ро дар ихтиёр дорад ва саҳми назарраси дар пардохтҳои андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистонро дорад, дар бозори ҷумҳурӣ фаъол аст.
https://sputnik.tj/20250710/rusiya-sugd-tojikiston-mavod-sukht-vorid-1068777365.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0a/1066166125_228:0:2959:2048_1920x0_80_0_0_578d431627e972db67ef045dd8a05089.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, белорус, бензин, сӯзишворӣ, сӯхт, бензин, газ
тоҷикистон, русия, белорус, бензин, сӯзишворӣ, сӯхт, бензин, газ
Тоҷикистон хариди сӯзишвориро аз Русия Белорус афзоиш додааст
18:06 25.08.2025 (Навсозишуда: 18:21 25.08.2025) Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар Русия ва Беларус интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш доданд.
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли 2025 Русия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% зиёд намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба Тоҷикистон тақрибан 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид карда шуд, дар муқоиса бо соли гузашта қариб 170 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Афзоиши бештар дар воридоти гази моеъи мушоҳида мешавад: ҳаҷми воридоти он зиёда аз 12 маротиба – аз 6,4 ҳазор то 85,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Инчунин интиқоли сӯзишвории дизелӣ то 308,8 ҳазор тонна (28%), керосини авиатсионӣ то 41,5 ҳазор тонна (32%) ва бензин то 228 ҳазор тонна (6%) афзудааст.
Қобили зикр аст, ки гази моеъ яке аз навъҳои сӯзишвориест, ки мардум онро бештар истифода мебаранд.
Ба Ҷумҳурӣ асосан аз Русия ва Қазоқистон сузишворӣ ворид карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия қаблан таъкид кард, ки кишвараш ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтии зиёд ворид мекунад, ки қариб пурра талаботи Тоҷикистонро ба маводи сӯхт таъмин мекунад
"Русия ба ҷумҳурӣ ҳаҷми бузурги нафту маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад, ки қариб пурра талаботи иқтисоди Тоҷикистонро ба маводи сӯхт таъмин мекунад", - қайд кард роҳбари Русия.
Вай илова кард, ки интиқоли маводи сӯхт бидуни ситонидани боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад.
Ба гуфтаи Путин, ширкати "Газпромнефт", ки "шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ"-ро дар ихтиёр дорад ва саҳми назарраси дар пардохтҳои андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистонро дорад, дар бозори ҷумҳурӣ фаъол аст.