https://sputnik.tj/20250826/eron-tajribai-tojikiston-rishtahoi-judo-boks-biomuzad-1070424919.html
Эрон мехоҳад таҷрибаи Тоҷикистонро дар риштаҳои ҷудо ва бокс биомӯзад
Эрон мехоҳад таҷрибаи Тоҷикистонро дар риштаҳои ҷудо ва бокс биомӯзад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири варзишу ҷавонони Эрону ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон зимни дидор бо ҳам, тафоҳумномаеро ба имзои расонданд
2025-08-26T13:01+0500
2025-08-26T13:01+0500
2025-08-26T13:08+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070425089_135:343:1003:831_1920x0_80_0_0_e070aaac4851cb8381e1a9fd873a56bb.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазири варзишу ҷавонони Эрон Аҳмади Дунёмолӣ ва Раиси кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, бо ҳадафи иртиқои табодулоту ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои варзишӣ ва ҷавонон, санади ҳамкорӣ имзо карданд.Маросими имзои санади ҳамкории варзишӣ дар миёни ду кишвар дар Теҳрон пойтахти Эрон сурат гирфит.Ин тафоҳумнома бо ҳадафи густариши табодулоти варзишӣ ва ҳавзаи ҷавонон байни ду кишвар ва дар ростои тақвияти равобити дуҷониба танзим шудааст.Ҳайати баландпояи тоҷикистонӣ ба сарпарастии Гулаҳмдзода, ба даъвати расмии вазири варзишу ҷавонони Эрон ба Теҳрон сафар карда ва дар ин дидор, бар аҳамияти муровидоти мустамар миёни ниҳодҳои варзишӣ ва ҷавонони Эрону Тоҷикистон таъкид шуд.Аҳмад Дунёмолӣ дар ин нишаст эълом кард, ки Эрон тамоюл дорад аз зарфиятҳои Тоҷикистон дар риштаҳое монанди ҷудо ва бокс ва ҳамчунин аз таҷрибиёти ин кишвар дар ҳавзаи умури ҷавонон баҳраманд шавад.Вай иҷрои сареъи барномаҳои муштараку амалиётисозӣ муфоди тафоҳумномаро яке аз авлавиятҳои ин ҳамкорӣ донист.Бар асоси ин санад, тарафайн мутаъаҳҳид шуданд барномаи иҷрои ёддошти тафоҳумномаи ҳамкориро дар кӯтоҳтарин замон оғоз кунанд ва раванди табодулоти варзишӣ, урдуҳои муштарак, баргузории мусобиқот ва коргоҳҳои омӯзиширо тасҳил намоянд.Дар поёни ин маросим, Зулфиқор Гулаҳмадзода даъвати расмии худро аз вазири варзишу ҷавонони Эрон барои сафар ба Тоҷикистон такрор кард то ин ҳамкориҳо бо дидорҳои мутақобил тақвият шавад.
https://sputnik.tj/20250813/eron-tojikiston-aloqai-rohi-ohan-1069929767.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070425089_232:348:883:836_1920x0_80_0_0_19a906f162b10aa51c494f67cc5003d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, варзиш, ҷудо, бокс, кумитаи ҷавонон
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, варзиш, ҷудо, бокс, кумитаи ҷавонон
Эрон мехоҳад таҷрибаи Тоҷикистонро дар риштаҳои ҷудо ва бокс биомӯзад
13:01 26.08.2025 (Навсозишуда: 13:08 26.08.2025) Вазири варзишу ҷавонони Эрону ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши Тоҷикистон зимни дидор бо ҳам, тафоҳумномаеро ба имзои расонданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазири варзишу ҷавонони Эрон Аҳмади Дунёмолӣ ва Раиси кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, бо ҳадафи иртиқои табодулоту ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои варзишӣ ва ҷавонон, санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Маросими имзои санади ҳамкории варзишӣ дар миёни ду кишвар дар Теҳрон пойтахти Эрон сурат гирфит.
Ин тафоҳумнома бо ҳадафи густариши табодулоти варзишӣ ва ҳавзаи ҷавонон байни ду кишвар ва дар ростои тақвияти равобити дуҷониба танзим шудааст.
Ҳайати баландпояи тоҷикистонӣ ба сарпарастии Гулаҳмдзода, ба даъвати расмии вазири варзишу ҷавонони Эрон ба Теҳрон сафар карда ва дар ин дидор, бар аҳамияти муровидоти мустамар миёни ниҳодҳои варзишӣ ва ҷавонони Эрону Тоҷикистон таъкид шуд.
Аҳмад Дунёмолӣ дар ин нишаст эълом кард, ки Эрон тамоюл дорад аз зарфиятҳои Тоҷикистон дар риштаҳое монанди ҷудо ва бокс ва ҳамчунин аз таҷрибиёти ин кишвар дар ҳавзаи умури ҷавонон баҳраманд шавад.
Вай иҷрои сареъи барномаҳои муштараку амалиётисозӣ муфоди тафоҳумномаро яке аз авлавиятҳои ин ҳамкорӣ донист.
Бар асоси ин санад, тарафайн мутаъаҳҳид шуданд барномаи иҷрои ёддошти тафоҳумномаи ҳамкориро дар кӯтоҳтарин замон оғоз кунанд ва раванди табодулоти варзишӣ, урдуҳои муштарак, баргузории мусобиқот ва коргоҳҳои омӯзиширо тасҳил намоянд.
Дар поёни ин маросим, Зулфиқор Гулаҳмадзода даъвати расмии худро аз вазири варзишу ҷавонони Эрон барои сафар ба Тоҷикистон такрор кард то ин ҳамкориҳо бо дидорҳои мутақобил тақвият шавад.