https://sputnik.tj/20250826/eron-iiao-shsh-briks-format-tavseai-ravobit-rusiya-1070430998.html
Эрон ИИАО, СҲШ ва БРИКС-ро беҳтарин форматҳо барои тавсеаи равобит бо Русия медонад
Эрон ИИАО, СҲШ ва БРИКС-ро беҳтарин форматҳо барои тавсеаи равобит бо Русия медонад
Sputnik Тоҷикистон
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, қайд кард, ки ҳамкорӣ дар ин форматҳо ин як иқдом барои муқобила бо бунёди ҷаҳони якқутбӣ мебошад
2025-08-26T15:39+0500
2025-08-26T15:39+0500
2025-08-26T15:39+0500
эрон
русия
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358708_222:133:3072:1736_1920x0_80_0_0_eafa1681c528e26732287b54704998f9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Эрон қасд дорад ҳамкориҳоро бо Русия ва Чин дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва БРИКС густариш диҳад.Дар ин бора Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури эрон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия изҳор дошт.Ба ҷуз аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия, Эрон созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ - ИИАО, СҲШ ва БРИКС -ро платформаи созанда барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, бахусус бо Русия ва Чин медонад. Ин барои муқовимат ба талошҳо барои сохтани ҷаҳони якқутбӣ мусоидат мекунад.Раисиҷумҳури Эрон афзуд, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани Рашт-Астараи долони ҳамлу нақли байналмилалии Шимол-Ҷанубро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.17 майи соли 2023 миёни Русия ва Эрон созишнома дар бораи сохтмони муштараки масири Рашт-Астара ба имзо расид.Маскав барои ин тарҳ ба Теҳрон қарзи байниҳукуматӣ ба маблағи 1,3 миллиард евро ихтисос медиҳад, дар ҳоле ки арзиши умумии сохтмон 1,6 миллиард евро арзёбӣ мешавад.Интизор меравад, хатти Рашт-Астара бо ширкати Маскаву Теҳрон ва хати Астара (шаҳри Эрон)-Астара (шаҳри Озарбойҷон) бо ширкати Маскав, Теҳрон ва Боку бунёд шаванд.
https://sputnik.tj/20250804/naqshai-rohi-tijorati-ozod-miyoni-iiao-eron-tahiya-1069724593.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358708_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1593fc91e519c0046ac64437fcc7f4c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ҳамкорӣ, равобит, ииао, авруосиё, иқтисод, русия, брикс
эрон, ҳамкорӣ, равобит, ииао, авруосиё, иқтисод, русия, брикс
Эрон ИИАО, СҲШ ва БРИКС-ро беҳтарин форматҳо барои тавсеаи равобит бо Русия медонад
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, қайд кард, ки ҳамкорӣ дар ин форматҳо ин як иқдом барои муқобила бо бунёди ҷаҳони якқутбӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Эрон қасд дорад ҳамкориҳоро бо Русия ва Чин дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва БРИКС густариш диҳад.
Дар ин бора Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури эрон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия изҳор дошт.
Ба ҷуз аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия, Эрон созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ - ИИАО, СҲШ ва БРИКС -ро платформаи созанда барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, бахусус бо Русия ва Чин медонад. Ин барои муқовимат ба талошҳо барои сохтани ҷаҳони якқутбӣ мусоидат мекунад.
Раисиҷумҳури Эрон афзуд, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани Рашт-Астараи долони ҳамлу нақли байналмилалии Шимол-Ҷанубро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
17 майи соли 2023 миёни Русия ва Эрон созишнома дар бораи сохтмони муштараки масири Рашт-Астара ба имзо расид.
Маскав барои ин тарҳ ба Теҳрон қарзи байниҳукуматӣ ба маблағи 1,3 миллиард евро ихтисос медиҳад, дар ҳоле ки арзиши умумии сохтмон 1,6 миллиард евро арзёбӣ мешавад.
Интизор меравад, хатти Рашт-Астара бо ширкати Маскаву Теҳрон ва хати Астара (шаҳри Эрон)-Астара (шаҳри Озарбойҷон) бо ширкати Маскав, Теҳрон ва Боку бунёд шаванд.