Нақшаи роҳи тиҷорати озод миёни кишварҳои ИИАО ва Эрон таҳия шуд

© Foto / Пресс-служба ЕЭКЧлен Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев
Член Коллегии (министр) Евразийской экономической комиссии по торговле Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2025
Обуна шудан
Вазири тиҷорати КИАО бо ишора ба иҷро шудани тавофуқномаи тиҷорати озод миёни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон гуфт, нақшаи роҳ барои иҷрои ин тавофуқ таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Андрей Слепнёв дар дидор бо Самади Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрону дар Маскав афзуд, ки ин нақшаи роҳ иқдомоте барои тавсеаи ҳамкории мустақим байни касбу корҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ва семинарҳои мавзӯӣ барои тавзеҳи ҷузъиёти танзими тиҷорати байни тарафайнро дар бар мегирад.
Вазири тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хотирнишон кард, ки мувофиқатномаи тиҷорати озоди ин Иттиҳодия ва Эрон, шароити мунҳасир ба фардиро барои дастрасии фаъолони тиҷорӣ ба бозорҳои якдигар фароҳам мекунад, созукорҳо ва бистарҳои муносибро барои эҷоди таъомул, ҳали фаврии мушкилоти фароруии ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ эҷод менамояд.
Вай илова кард, ки ин тавофуқ дарки мутақобил аз қавонину равияҳои иҷрои он дар кишварҳои узви ИИАО ва Эронротақвият мекунад.
Дар ин дидор, ки дар дафтари марказии камиссиюни иқтисодии АвруОсиё дар Маскав анҷом шуд, Слепнев таъкид кард, ки мо ба марҳалаи ҷадиди ҳамкорӣ бо Эрон ба унвони як мушорикат нигоҳ мекунем.
Башня Азади в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2025
Содирот кишварҳои ИИАО ба Эрон 18% афзуд
Муҳим аст, ки корфаринони мо якдигарро на ба унвони рақиб, балки ба унвони шарик бубинанд то битавонанд потансиел ва фанновариҳои худро тақвият карда ва дар як бозори муттаҳиди 250 миллионнафарӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.
Вазири тиҷорати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз туҷҷору бозаргонони Эрон даъват кард то дар маҷмаъи иқтисодии Авруосиё, ки дар тирмоҳ соли равон дар Мински пойтахти Беларус баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Бино бар ин гузориш, тарафайн дар ин дидор дарбора тақвияти таъомули маҷмуъи тиҷории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёу Эрон дар чорчуби иҷрои тавофуқномаи тиҷорати озод гуфтугӯ карданд.
Лентаи хабарҳо
0