Кадом Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фаъоланд?

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст. Истеҳсолот дар кадом минтақа бештар ва аксари корхонаҳо дар куҷо ҷойгиранд. Ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нигаред
Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон беш аз 26 корхона фаъолият мекунанд.
Онҳо дар минтақаҳои зерин фаъолият мекунанд:
"Суғд" - 6
"Дангара" — 12,
"Кӯлоб" - 2,
"Панҷ" - 6,
"Ишкошим" — 0.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар маҷмӯъ онҳо ба маблағи беш аз 320,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Дар истеҳсолот МОИ “Суғд” пешсаф буд. Дар ин минтақа 5 корхона ба маблағи 251 миллион сомонӣ маҳсулот баровард.
Қаблан хабар расид, ки аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон беш аз 1600 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0