https://sputnik.tj/20250824/qatar-roghun-50-mln-dollar-1070350648.html
Қатар барои сохмони НБО "Роғун" 50 млн доллар медиҳад
Қатар барои сохмони НБО "Роғун" 50 млн доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар аз ҷониби вазири молия Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири кулли Хазинаи Қатар оид ба рушд... 24.08.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-08-24T16:41+0500
2025-08-24T16:41+0500
2025-08-24T16:41+0500
нбо "роғун"
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
қатар
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/18/1070350868_0:75:1280:795_1920x0_80_0_0_e2a0a12f8363606c55476ff9534e97b7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 50 миллион доллар ҷудо мекунад.Дар ин бора, Вазортаи молияи Тоҷикистон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар аз ҷониби вазири молия Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири кулли Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ имзо шудааст.Ҷонибҳо дар рафти мулоқот атрофи ҳамкории дуҷониба, имконияти тавсеа додани он ва ҷалби Хазина барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки давлатӣ гуфтугӯ кардаанд.Манбаъ афзуда, ки ҳадафи лоиҳа дастгирии рушди иқтисодиёт бо роҳи таъмини неруи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди неруи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад.Бояд гуфт, ки Қатар масъалаи сармоягузории НБО "Роғун"-ро ҳанӯз аз соли 2023 инҷониб омӯхтааст. Қатар ҳамчунин маблағгузории лоиҳаи сохтмони :Ҳамчунин Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ низ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи сармоягузорияшро ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона кардааст.
https://sputnik.tj/20250424/tojikiston-sokhtmon-inshoot-davlati-roghun-pul-paydo-1067100061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/18/1070350868_61:0:1220:869_1920x0_80_0_0_367dd45991355896ed4895cff606fd9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатар, сохмони роғун, 50 млн доллар
қатар, сохмони роғун, 50 млн доллар
Қатар барои сохмони НБО "Роғун" 50 млн доллар медиҳад
Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар аз ҷониби вазири молия Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири кулли Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 50 миллион доллар ҷудо мекунад.
Дар ин бора, Вазортаи молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар аз ҷониби вазири молия Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири кулли Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ имзо шудааст.
"Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қатар оид ба рушд дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи "Сохтмони НБО Роғун" баргузор шуд", - омодааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот атрофи ҳамкории дуҷониба, имконияти тавсеа додани он ва ҷалби Хазина барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки давлатӣ гуфтугӯ кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки ҳадафи лоиҳа дастгирии рушди иқтисодиёт бо роҳи таъмини неруи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди неруи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад.
Бояд гуфт, ки Қатар масъалаи сармоягузории НБО "Роғун"-ро ҳанӯз аз соли 2023 инҷониб омӯхтааст.
Қатар ҳамчунин маблағгузории лоиҳаи сохтмони :
фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара,
модернизатсия “Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ТАЛКО),
идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии "Диёри Душанбе",
сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе,
баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон эйр”-ро меомӯзад.
Ҳамчунин Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ низ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи
сармоягузорияшро ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона кардааст.