https://sputnik.tj/20250424/tojikiston-sokhtmon-inshoot-davlati-roghun-pul-paydo-1067100061.html
Тоҷикистон барои сохтмони шаш иншоотҳои давлатӣ ва дастгирии НБО “Роғун” пул пайдо кард
Тоҷикистон барои сохтмони шаш иншоотҳои давлатӣ ва дастгирии НБО “Роғун” пул пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои сохтмони иншооти давлатӣ ва дастгирии нерӯгоҳи барқи обии Роғун 183 миллион сомонӣ масраф хоҳад кард
2025-04-24T10:49+0500
2025-04-24T10:49+0500
2025-04-24T10:49+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
энергетика
иншоот
давлатӣ
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_ab488c6ffb2c2bf594b79814b4f4280a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 183 миллион сомонӣ (ҳудуди 17 миллион доллар) аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2025 тасдиқ кардааст.Қарори дахлдор дар сомонаи Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.Тибқи ин санад, 90 миллион сомонӣ барои пур кардани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун - тарҳи стратегии энергетикии кишвар масраф мешавад.Инчунин 93 миллион сомонии дигар ба Муассисаи давлатии "Мудирияти сохтмони иншооти давлатӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон интиқол дода мешавад.Қайд карда шудааст, ки ин маблағ барои сохтмони шаш иншооти давлатӣ масраф карда мешавад.Лоиҳаҳое, ки маблағгузорӣ мешаванд, инҳоянд:Тавре дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки тағйироти дахлдорро дар қисми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар асоси азнавтақсимоти даромадҳои иловагӣ танзим намояд.Ин санадро раиси ҳукумат, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.Дар соли 2025 даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон 49,58 миллиард сомонӣ (ҳудуди 4,5 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст. Манбаъҳои асосии даромад андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ боқӣ мемонанд.
https://sputnik.tj/20250324/tojikiston-fond-taqsim-manfiatho-furush-barq-roghun-kor-oghoz-1066692377.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_61077dc858b5b379116e482d193baa70.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо "роғун", иншооти давлатӣ, сохтмон, пул, маблағ, иқтисод, раисҷумҳур
тоҷикистон, нбо "роғун", иншооти давлатӣ, сохтмон, пул, маблағ, иқтисод, раисҷумҳур
Тоҷикистон барои сохтмони шаш иншоотҳои давлатӣ ва дастгирии НБО “Роғун” пул пайдо кард
Тоҷикистон барои сохтмони иншооти давлатӣ ва дастгирии нерӯгоҳи барқи обии Роғун 183 миллион сомонӣ масраф хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 183 миллион сомонӣ (ҳудуди 17 миллион доллар) аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2025 тасдиқ кардааст.
Қарори дахлдор дар сомонаи Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Тибқи ин санад, 90 миллион сомонӣ барои пур кардани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун - тарҳи стратегии энергетикии кишвар масраф мешавад.
Инчунин 93 миллион сомонии дигар ба Муассисаи давлатии "Мудирияти сохтмони иншооти давлатӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки ин маблағ барои сохтмони шаш иншооти давлатӣ масраф карда мешавад.
Лоиҳаҳое, ки маблағгузорӣ мешаванд, инҳоянд:
сохтмони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара – 30 миллион сомонӣ;
сохтмони меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара – 15 миллион сомонӣ;
сохтмони бинои Сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон – 17 миллион сомонӣ;
сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ – 15 миллион сомонӣ;
сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанг – 2 миллион сомонӣ;
сохтмони бинои нави Вазорати адлия дар шаҳри Душанбе – 14 млн.
Тавре дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки тағйироти дахлдорро дар қисми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар асоси азнавтақсимоти даромадҳои иловагӣ танзим намояд.
Ин санадро раиси ҳукумат, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.
Дар соли 2025 даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон 49,58 миллиард сомонӣ (ҳудуди 4,5 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст. Манбаъҳои асосии даромад андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ боқӣ мемонанд.