Латукӯби ду корманди мақомоти андоз дар Ваҳдат

© Sputnik / Стас ЭтвешПолицейский сине-красный маячок, иллюстративное фото
Полицейский сине-красный маячок, иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Латукӯби кормандони ҳукуматӣ, он ҳам дастҷамъона як падидаи бесобиқа дар Тоҷикистон ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ду корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат аз сӯи як соҳибкор ва афродаш латукӯб шудаанд.
Бино ба иттилоъе, ки аз Нозироти андози шаҳри Ваҳдат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ду корманди ин идора ҳангоми иҷрои вазифа аз сӯи кормандони ширкати “Шукуҳи истиқлол” мавриди латукӯб қарор гирифтанд.
“Онҳо дар бораи зарурати пардохти андозҳо бо Алимадзода Алимад, раҳбари ширкат, ба дафтари ин ширкат дар деҳаи Тезгари Болои ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд, аммо вақте бо шартҳои мавсуф розӣ нашуданд, нахуст, аз сӯи ӯ таҳқиру дашном шуданд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин Алимадзода сармутахассиси шӯъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдатро, ки номаш маҳфуз аст, бо чойники чинӣ задааст.
“Дар ин кор ба ӯ боз 5 нафар тобеъонаш ширкат кардаанд. Ба ҷуз ин, афроди Алимадзода мутахассиси шуъбаи мазкурро, ки дар берун аз бинои ширкат қарор дошт (номаш маҳфуз аст), бо зӯр ба дохили идора дароварда, ӯро низ таҳти зарбу шата қарор додаанд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, баъд аз латукӯб ва расондани зарар ба саломатӣ Алимадзода дар телефони мобилиаш саҳнаи ногувори вазъи кормандони мақомоти андозро сабт кардааст.
"Аз ҷумла сару рӯйи хунолуди кормандонро ба навор гирифта, ҳар яки онҳоро ба таври таҳқиромез мавриди бозрасӣ қарор медиҳад, аз ҷумла онҳоро маҷбур мекунад, ки худро муаррифӣ кунанд, ному насабашонро гӯянд ва дигар гапҳо”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, сабаби омадани кормандони нозироти андоз ба бинои ширкати “Шукуҳи истиқлол” харидду фурӯши ғайриқонунии Терминали мусофиркашонии “Сайёд”, собиқ терминали асосии шаҳри Ваҳдат, аст.
“Алимадзода онро аз “Амонатбонк” харида, бо фоидаи калон ба тарафи сеюм ба фурӯш мерасонад, нархи аслиро қариб даҳ баробар кам нишон дода, фоидаи калон ба даст меорад, аммо на фақат андозро намесупорад, балки аз пардохти андоз саркашӣ мекунад,” - гуфт манбаъ.
Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2025
Аз дуздию қаллобӣ то таҷовуз ба номус: дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзуд
Мавриди латукӯби кормандони давлатӣ, бахусус, мақомоти андоз тайи солҳои ахир бесобиқа буда, ҳодисаи фавқуззикр вокуниши шадиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба бор овардааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ, раҳбари ширкати “Шукуҳи истиқлол” ва тобеъонаш аз сӯи мақомоти милиса боздошт шуда, баъдтар парванда дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ гузошта шудааст.
Кормандони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат дар пайи латукӯб ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд.
Тибқи талаботи моддаи 34-и Кодекси андози Тоҷикистон андозсупоранда ҳақ надорад монеъи фаъолияти қонунии кормандони мақомоти андоз шавад ва барои эҷоди монеа, зӯроварӣ, расондани зарар ба корманди мақомоти давлатӣ тибқи моддаи 328 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то 5 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.
Лентаи хабарҳо
0