https://sputnik.tj/20250807/odamkushi-tajovuz-tojikiston-jinoyat-1069802624.html
Аз дуздию қаллобӣ то таҷовуз ба номус: дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзуд
Аз дуздию қаллобӣ то таҷовуз ба номус: дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ним соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 13089 содир шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин адвраи соли гузашта бештар аст
2025-08-07T13:01+0500
2025-08-07T13:01+0500
2025-08-07T13:10+0500
вазорати корҳои дохила
сатҳи ҷинояткорӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965269_0:18:3072:1746_1920x0_80_0_0_29fe3bd4c8eb229ccb3cf86f905a01b4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзудааст, дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар дар нишасти хабарӣ гузориш дод.Бино ба додаҳои Вазорат, давоми шаш моҳи соли 2025, дар ҷумҳурӣ 13089 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад.Дар баробари ин, ҳолатҳои роҳзанӣ - 20 (2024-11), ғоратгарӣ - 57 (2024-33), таҷовуз ба номус - 24 (2024-17), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64 (2024-61), қаллобӣ - 2356 (2024-1820), дуздӣ - 2182 (2024-2036), тамаъҷӯӣ 33 (2024-20), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 (2024-368) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.Ва танҳо одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон - 28 (2024-41) ва авбошӣ - 762 (2024-776) дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, кам шудааст.Бино ба гузориши ВКД, кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра, 72%-ро ташкил додааст. Дар паи ин тафтишот дар кишвар, 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шудаанд.Ҳамчунин, Вазорат гузориш додааст, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 283 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
https://sputnik.tj/20250705/prokuror-khatlon-jinoyat-parvanda-1068653984.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965269_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_011656a9c7f7faac66d21b8134240188.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷинояткорӣ, афзуд
тоҷикистон, ҷинояткорӣ, афзуд
Аз дуздию қаллобӣ то таҷовуз ба номус: дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзуд
13:01 07.08.2025 (Навсозишуда: 13:10 07.08.2025) Давоми ним соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 13 089 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бештар аст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзудааст, дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Бино ба додаҳои Вазорат, давоми шаш моҳи соли 2025, дар ҷумҳурӣ 13089 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҳолатҳои роҳзанӣ - 20 (2024-11), ғоратгарӣ - 57 (2024-33), таҷовуз ба номус - 24 (2024-17), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64 (2024-61), қаллобӣ - 2356 (2024-1820), дуздӣ - 2182 (2024-2036), тамаъҷӯӣ 33 (2024-20), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 (2024-368) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.
Ва танҳо одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон - 28 (2024-41) ва авбошӣ - 762 (2024-776) дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, кам шудааст.
Бино ба гузориши ВКД, кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра, 72%-ро ташкил додааст. Дар паи ин тафтишот дар кишвар, 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шудаанд.
Ҳамчунин, Вазорат гузориш додааст, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 283 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.