https://sputnik.tj/20250619/spad-tahkim-marz-tojikiston-afghoniston-tavajjuh-1068271075.html
СПАД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард
СПАД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои СПАД муваззаф шудаанд, ки барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон тадобири пешгирикунанда андешанд 19.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-19T16:30+0500
2025-06-19T16:30+0500
2025-06-19T16:30+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
спад
қирғизистон
афғонистон
дар тоҷикистон
марз
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_0:0:3081:1734_1920x0_80_0_0_5a2d4877ad3387bcfd53b526c61ffb78.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон амалиёти тахрибкоронаи худро идома медиҳанд. Дар ин бора Алексей Шевтсов, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Қирғизистон ҷараён дорад, изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ҷиноҳи афғонии ДИИШ* (созмони террористии дар Федератсияи Русия мамнӯъ) - "Вилояти Хуросон"* (ташкилоти террористии мамнӯъ дар Федератсияи Русия) хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи минтақаи масъулияти СПАД дар заминаи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъиро муфассал баррасӣ карданд. Шевтсов таъкид кард, ки кишварҳои СПАД муваззаф шудаанд, ки тадбирҳои пешгирикунанда, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Барномаи байнидавлатии мақсадноки таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро амалӣ созанд. "Аз ҷониби Русия аллакай иҷрокунандагон муайян шудаанд - инҳо Хадамоти марзбонии ФСБ ва Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия мебошанд", - афзуд муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия. Намояндагони кишварҳо ҳамчунин доир ба баргузории машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД "Бародариитахрибнашаванда - 2025" ва машқҳои "Монеъа-2025"-ро баррасӣ карданд. Онҳо дар моҳи октябр, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи кумита чанд санади ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 ба тасвиб расонданд.
https://sputnik.tj/20250528/vazironi-difoi-spad-naqshai-hamkori-nizomir-tasvib-1067500045.html
қирғизистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_958ce47dba58a1f5d335eaf2379d7ab5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад, қирғизистон, афғонистон, дар тоҷикистон, марз, амният ва мудофиа
спад, қирғизистон, афғонистон, дар тоҷикистон, марз, амният ва мудофиа
СПАД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад кард
Кишварҳои СПАД муваззаф шудаанд, ки барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон тадобири пешгирикунанда андешанд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон амалиёти тахрибкоронаи худро идома медиҳанд.
Дар ин бора Алексей Шевтсов, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Қирғизистон ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Вазъият дар Афғонистон хеле нигаронкунанда аст. Фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон омили муҳими нооромкунандаи субот боқӣ мемонад", - гуфт Шевтсов.
Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ҷиноҳи афғонии ДИИШ* (созмони террористии дар Федератсияи Русия мамнӯъ) - "Вилояти Хуросон"* (ташкилоти террористии мамнӯъ дар Федератсияи Русия) хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи минтақаи масъулияти СПАД дар заминаи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъиро муфассал баррасӣ карданд.
Шевтсов таъкид кард, ки кишварҳои СПАД муваззаф шудаанд, ки тадбирҳои пешгирикунанда, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Барномаи байнидавлатии мақсадноки таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро амалӣ созанд.
"Аз ҷониби Русия аллакай иҷрокунандагон муайян шудаанд - инҳо Хадамоти марзбонии ФСБ ва Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия мебошанд", - афзуд муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Намояндагони кишварҳо ҳамчунин доир ба баргузории машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД "Бародариитахрибнашаванда - 2025" ва машқҳои "Монеъа-2025"-ро баррасӣ карданд.
Онҳо дар моҳи октябр, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷаласаи кумита чанд санади ҳамкориҳои низомиро то соли 2030 ба тасвиб расонданд.