Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия се маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа озод карданд

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкОтработка боевого слаживания военнослужащими 8-й разведывательной штурмовой бригады добровольческого корпуса Южной группировки войск в ЛНР. Иллюстративное фото
Отработка боевого слаживания военнослужащими 8-й разведывательной штурмовой бригады добровольческого корпуса Южной группировки войск в ЛНР. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2025
Обуна шудан
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия Сухетское, Панковка ва Новогеоргиевкаро дар минтақаи амалиёти вижа озод карданд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Нерӯҳои Русия се маҳаллаи аҳолинишини минтақаи амалиёти вижаро таҳти назорат гирифтанд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ хабар додааст.
"Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" шаҳракҳои Сухетское ва Панковкаи Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карданд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин гурӯҳи "Восток" маҳаллаи Новогеоргиевкаи вилояти Днепропетровскро аз дасти нерӯҳои Украина озод карданд.
Вид на город Часов Яр в ДНР. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия шаҳри Часов Ярро озод карданд
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Нерӯҳои гурӯҳи "Восток" зархаридони украиниро нобуд карданд
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0