Барои рушди кишоварзӣ дар ИИАО чӣ корҳо анҷом мешавад?

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкУборка урожая пшеницы в Волгоградской области
Уборка урожая пшеницы в Волгоградской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2025
Обуна шудан
Дар шароити чолишҳои глобалӣ ва рақобати афзояндаи байналмилалӣ дастгирии давлатӣ ба соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҳар яке аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Дар ин бора, сардори Раёсати рушди бозорҳои кишоварзии Раёсати сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Андрей Дробишевский, изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
"Дар шароити чолишҳои кунунии ҷаҳонӣ ва рақобати афзояндаи байналмилалӣ дастгирии давлатӣ ба соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории иқтисодӣ, таҷдиди технологии соҳа ва дар маҷмӯъ рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот ба ҳисоб меравад", - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, бидуни дастгирии давлат азхуд кардани технологияҳои нав, гузаштан ба технологияҳои рақамӣ, истеҳсоли маҳсулоти технологӣ ва дар маҷмӯъ, рушди босамари комплекси агросаноатӣ имконнопазир аст.
График роста, архивное фото   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Суръати рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ гузашт
Дар мизи мудаввар, ки ба табодули таҷриба бахшида шуда буд, субсидияҳои умумӣ, аз қабили қарздиҳии имтиёзнок, ҷуброни як қисми хароҷоти сармоягузории истеҳсолкунандагони кишоварзӣ, инчунин лизинги техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ бо дастгирии давлат, баррасӣ шуданд, қайд кард Дробишевский.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Лентаи хабарҳо
0