https://sputnik.tj/20250814/rushd-iqtisodi-iiao-1069963883.html
Суръати рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ гузашт
Суръати рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Чунин суръати хуб аз савдои мутақобилаи мол ва хизматрасонӣ, инчунин, соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст омадааст
2025-08-14T11:58+0500
2025-08-14T11:58+0500
2025-08-18T13:45+0500
ииао
суръат
рушд
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_0:79:3500:2048_1920x0_80_0_0_56ec1733b85b717ff74dc56e275b6574.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО аз соли 2015 то соли 2024 ба 17,8% ё қариб 1 триллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад, аз 3,7 % то 4,1% афзудааст. Дар ин бора, мудири департаменти сиёсати макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Алексей Ведев дар як конфронс дар Қирғизистон гуфт.Ӯ афзуд, ки мизони рушди иқтисоди кишварҳои узв дар солҳои ахир аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ боло рафтааст. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сабаби аслиро ба савдои мутақобилаи молу хизматрасонӣ, инчунин дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ рабт дод. Ведев ёдовар шуд, ки фаъолиятҳо дар доираи Иттиҳод то соли 2045 бар асоси Эъломияи “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” сурат мегирад. Дар байни тадобирҳои ҳамгироӣ, ки дар Декларатсия инъикос ёфтаанд, вай ҷорй намудани равишҳои инноватсионй дар комплекси агросаноатй, инкишофи технология дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии энергия ва энергияи барқароршаванда, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи ҳамкории хамкориро дар соҳаи рушди технологӣ қайд намуд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20250813/iiao-mavod-sukht-arzon-1069956612.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_769:0:3500:2048_1920x0_80_0_0_999f90c7a10ddf5735aaaf3f53b7da25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суръат, рушди иқтисод, кишварҳои узви ииао,
суръат, рушди иқтисод, кишварҳои узви ииао,
Суръати рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ гузашт
11:58 14.08.2025 (Навсозишуда: 13:45 18.08.2025) Чунин суръати хуб аз савдои мутақобилаи мол ва хизматрасонӣ, инчунин, соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст омадааст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО аз соли 2015 то соли 2024 ба 17,8% ё қариб 1 триллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад, аз 3,7 % то 4,1% афзудааст.
Дар ин бора, мудири департаменти сиёсати макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Алексей Ведев дар як конфронс дар Қирғизистон гуфт.
Ӯ афзуд, ки мизони рушди иқтисоди кишварҳои узв дар солҳои ахир аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ боло рафтааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сабаби аслиро ба савдои мутақобилаи молу хизматрасонӣ, инчунин дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ рабт дод.
"Саҳми бештари ҳамгироӣ ба ММД дар Арманистон ва Қирғизистон қайд шудааст. Дар маҷмӯъ дар ИИАО 1,65% ММД ё ҳудуди 40 млрд долларро ташкил медиҳад", — омадааст дар гузориш.
Ведев ёдовар шуд, ки фаъолиятҳо дар доираи Иттиҳод то соли 2045 бар асоси Эъломияи “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” сурат мегирад.
Дар байни тадобирҳои ҳамгироӣ, ки дар Декларатсия инъикос ёфтаанд, вай ҷорй намудани равишҳои инноватсионй дар комплекси агросаноатй, инкишофи технология дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии энергия ва энергияи барқароршаванда, ба вуҷуд овардани фазои ягонаи ҳамкории хамкориро дар соҳаи рушди технологӣ қайд намуд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.