Аз пешгирии кашолкории судяҳо то рафъи тасодуфиҳо аз мақомот: дастурҳои Рустами Эмомалӣ

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиКонтрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе
Контрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2025
Обуна шудан
Шаҳрдори душанбе Рустами Эмомалӣ аз кашонкории судяҳо ва зиёд шудани тасодуфиҳо дар сафи мақомот изҳори ниграонӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки кашолакориҳо дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судяҳо пешгирӣ карда шавад.
Дар ин бора, дафтари шаҳрдори Душанбе гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ гуфт, кашонкориҳои судяҳо, боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва бояд пеши роҳи ин амалҳо ҳарчи зудтар гирифта шавад.
"Нисбат ба судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд ва шаъну эътибори судяро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад", - гуфтааст раиси шаҳр.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин, хостааст, ки тасодуфиҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набошанд.
© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиКонтрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе
Контрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2025
Контрольное совещание с сотрудниками правоохранительных органов города Душанбе
Барои тоза кардани сафи кормандони сохторҳо аз кадрҳои тасодуфӣ пайваста чораандешӣ шавад, дастур додааст Рустами Эмомалӣ.
Раиси шаҳри Душанберо ҳамчунин, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарон кардааст.
Барои пешгирии таблиғи фарҳанги бегона чораҳои қатъӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳама қишри ҷомеа тақвият бахшида шавад, изҳор доштааст ӯ.
Аз прокурорҳои Душанбе хостаанд, ки бо сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин мубориза баранд.
Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2025
Аз дуздию қаллобӣ то таҷовуз ба номус: дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ афзуд
Рустами Эмомалӣ ба прокурори пойтахт барои пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ташкили санҷишҳои беасос супориш додааст.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз зиёд шудани шумораи нафароне, ки ба гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мебошанд, изҳори нигаронӣ намудааст.
Раиси Душанбе дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, ки зиёда аз 80%-и таълимгирандагонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Лентаи хабарҳо
0