https://sputnik.tj/20250820/dastur-vazir-kudakon-muassisahoi-tomaktabi-khatlon-1070227228.html
Дастури вазир барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Хатлон
Дастури вазир барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Вазир ҳамчунин дустур додааст, ки мактабҳо сари вақт бо маводи сӯзишворӣ ва ҳезум дар мавсими зимистон таъмин шаванд ва сатҳи касбияти кадрҳо баланд бардошта шавад
2025-08-20T14:02+0500
2025-08-20T14:02+0500
2025-08-20T14:02+0500
маориф
хатлон
сохмтон
марказ
рушд
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1f/1069623041_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e8634b1b3ea9ef0583e9140daf781183.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои фарогирии бештари кӯдакон ба муасиисаҳои томактабӣ дар вилоятим Хутлдона ба масъулин дастуру супоришҳо дод.Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати маориф хабар додааст.Гуфта мешавад, вазир ба сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудирон ва дигар шахсони масъули соҳа доир ба таҳкими сифати таълим, фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ супоришҳои мушаххас додааст.Ӯ ҳамчунин дустур додааст, ки мактабҳо сари вақт бо маводи сӯзишворӣ ва ҳезум дар мавсими зимистон таъмин шаванд ва сатҳи касбияти кадрҳо баланд бардошта шавад.Саидзода ҳамчунин хостааст, ки масъулин дар масъалаи ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ба ҷои кор чорӣ андешанд.Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон танҳо 24%-и кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуданд.Дар вилояти Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 23,3%-ро ташкил медиҳад ва танҳо 177 муассиса вуҷуд дорад.Вале, дар баробари ин феълан дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” сохтмон ва азнавсозии 489 Маркази рушди барвақтии кӯдак, аз ҷумла 273 марказ дар Хатлон ба нақша гирифта шудааст.Айни замон дар 158 марказ корҳои сохтмонӣ идома доранд.Дар умум дар вилоят сохтмони 137 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 33 114 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар бештари иншоот дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.Пас аз 10 рӯз, маоши омӯзгорон 30% зиёд мешавадҲамчунин, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони 155 иншооти соҳаи маориф барои 43 048 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дар 50 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.Айни замон дар 1397 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 900 ҳазору 598 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар таълиму тарбияи онҳо 48 ҳазору 263 омӯзгор машғуланд.
https://sputnik.tj/20250801/tojikiston-kudakon-maktab-1069623955.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1f/1069623041_72:0:1892:1365_1920x0_80_0_0_a910392aac49485fbc4d45f948e5a7c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯдакон, хатлон, боғча
Дастури вазир барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Хатлон
Вазир ҳамчунин дустур додааст, ки мактабҳо сари вақт бо маводи сӯзишворӣ ва ҳезум дар мавсими зимистон таъмин шаванд ва сатҳи касбияти кадрҳо баланд бардошта шавад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои фарогирии бештари кӯдакон ба муасиисаҳои томактабӣ дар вилоятим Хутлдона ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати маориф хабар додааст.
Гуфта мешавад, вазир ба сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудирон ва дигар шахсони масъули соҳа доир ба таҳкими сифати таълим, фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Ӯ ҳамчунин дустур додааст, ки мактабҳо сари вақт бо маводи сӯзишворӣ ва ҳезум дар мавсими зимистон таъмин шаванд ва сатҳи касбияти кадрҳо баланд бардошта шавад.
Саидзода ҳамчунин хостааст, ки масъулин дар масъалаи ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ба ҷои кор чорӣ андешанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон танҳо 24%-и кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуданд.
Дар вилояти Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 23,3%-ро ташкил медиҳад ва танҳо 177 муассиса вуҷуд дорад.
Вале, дар баробари ин феълан дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” сохтмон ва азнавсозии 489 Маркази рушди барвақтии кӯдак, аз ҷумла 273 марказ дар Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар 158 марказ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар умум дар вилоят сохтмони 137 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 33 114 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар бештари иншоот дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони 155 иншооти соҳаи маориф барои 43 048 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дар 50 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Айни замон дар 1397 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 900 ҳазору 598 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар таълиму тарбияи онҳо 48 ҳазору 263 омӯзгор машғуланд.