Талоши Теҳрону Душанбе барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Обуна шудан
Нишасти ҳамкориҳои гардишгарии Теҳрон ва Душанбе бо таъкид бар тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарии ду тараф бо меҳвари иштирокоти фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ахиран дар Теҳрон нишаст ҳамкориҳои гардишгарии Теҳрону Душанбе бо ҳузури мудири кулли Мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии устони Теҳрон, ройзани фарҳангии сифорати Тоҷикистон дар Эрон ва мудири ширкати гардишгарии “Сомони травел”-и Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар ин нишаст бар тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарии Теҳрону Душанбе бо меҳвари иштирокоти фарҳангӣ таъкид шуд.
Дар ин нишаст, Алӣ Тулуӣ мудири кулли Мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии устони Теҳрон, Ҳокимуддин Раҳмонов ройзани фарҳангии сифорати Тоҷикистон дар Эрон, Умед Саидов мудири ширкати гардишгарии “Сомон травел” ва ҷамъе аз мудирону фаъолони гардишгарии ду кишвар ҳузур доштанд.
Алӣ Тулуӣ дар ин нишаст бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангии миёни ду миллат гуфт, Эрону Тоҷикистон як рӯҳ дар ду сарзамин ҳастанд, ки ин мавзӯи пештар низ дар суханони вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрону Ҷумъахонзода, раиси комитеи гардишгарии давлати Тоҷикистон, дар замони имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои гардишгарӣ дар ҳошияи 18-мин намоишгоҳи гардишгарии Теҳрони мавриди таъкиди қарори гирифта буд.
Мудирикули мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Теҳрони афзуд, тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарии Теҳрону Душанбе дар ростои ҳамон тафоҳумнома, дар ҳол пайгирӣ аст ва мо мусаммам ҳастем ин зарфиятҳоро ба барномаҳои амалиётӣ табдил кунем.
Железнодорожные пути - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2025
Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад
Тулуӣ бо ишора ба аҳамияти забони муштараки миёни ду миллат гуфт, ки забони модарии мо як сармоя арзишманд аст.
“Ҳамин ки имрӯз дар кӯча ва бозорҳои Душанбе, ашъори шоирони эронӣ хонда мешавад, нишондиҳанда пайвандҳои амиқ фарҳангӣ аст. Ин наздикӣ метавонад муҳимтарин мазияти риқобатии мо дар ҳавза гардишгарӣ бошад ва бояд бар он тамаркуз кунем”, - гуфт ӯ.
Мудири кули мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Теҳрон таъкид кард, ки хешовандии фарҳангии Теҳрону Душанбе бо ҳеҷ чизе гусастанӣ нест. “Мо дар ҳавзаи шеър, мусиқӣ ва ҳунари иштирокоти густардае дорем ва ин зарфият метавонад ба сутуни аслии тавсеаи равобити гардишгарӣ табдил шавад. Ҳатто баргузории ин нишаст бидуни ҳузури мутарҷим, худ нишондиҳанда ин ҳамзабонӣ аст, ки бояд онро ба фурсатии амалӣ барои ҳамкориҳои муштарак табдил кунем”, - афзуд Тулуӣ.
Вай бо баёни ин ки гардишгарии дипломатии фарҳангӣ ва иқтисодӣ аст, афзуд Теҳрону Душанбе ҳар ду зарфиятҳои мутанаввиӣ дар ин ҳавза доранд.
Аз табодули таҷриба дар заминаи баргузории турҳои вурудӣ ва хуруҷӣ гирифта то муаррифии саноеъи дастӣ, мусиқӣ ва рӯйдодҳои фарҳангӣ, ҳама метавонад ба заминае барои наздикии бештари ду миллат табдил шавад.
Тулуӣ илова кард, ки ҳунар, забони муштараки миллатҳост ва саноеъи дастӣ ба унвони ҷилвае аз фарҳанг, беҳтарини роҳ барои муаррифии ҳувияти муштараки Эрону Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0