Қатъномаи Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар СММ қабул гардид

CC BY-SA 2.0 / Patrick Gruban / UN General AssemblyЗал Генеральной Ассамблеи ООН
Зал Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2025
Обуна шудан
Ин ташаббус аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи "Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ"-ро рӯзи 25 июл қабул намуд.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Санади мазкур бо пуштибонии кишварҳои аъзои СММ қадами муҳимест дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ.
Қатънома ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад.
Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Студенты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Таназзули зеҳн ё кӯмак: Омӯзгорону донишҷӯёни тоҷик дар бораи зеҳни сунъӣ чӣ фикр доранд
Амалӣ намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:
пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;
роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Ногуфта намонад, ки ахиран кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни таъини мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз онҳо хост, дар кори худ аз зеҳни сунъӣ истифода кунанд ва забонҳои хориҷиро омӯзанд.
Лентаи хабарҳо
0