https://sputnik.tj/20250815/tojikiston-uzbekiston-dodugirift-barqu-gaz-1069992223.html
Тоҷикистону Узбекистон додугирифти барқу газро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Узбекистон додугирифти барқу газро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ" густариш медиҳанд
2025-08-15T10:36+0500
2025-08-15T10:36+0500
2025-08-15T10:36+0500
дар тоҷикистон
энергетика
узбекистон
газ
лӯлаи газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102097/39/1020973960_0:29:3081:1762_1920x0_80_0_0_abaf9275491bca8becbd51818374a486.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Намояндагони болопояи Тоҷикистону Узбекистон содироту воридоти барқу газро мувофиқа карданд.Ин масъала зимни вохӯрии кории вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энержии Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов муҳокима шудааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ"-ро баррасӣ кардаанд.Ёдовар мешавем, ки дар баробари содироти барқ, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ содироти ангиштро низ ба Ӯзбекистон афзоиш дод.Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2025 261,8 ҳазор тон ангишт, аз ин 261,7 ҳазор тон ё 98% ба Ӯзбекистон содир шудааст.“Роҳи худро пайдо кард" – вазир дар бораи афзоиши содироти ангиштИн рақам дар қиёс бо нимаи аввали соли гузашта 218,2 ҳазор тон ё 601% дарсад аст. Соли гузашта дар ҳамин давра (43,6 ҳазор тон) ба маблағи 10,4 ҳаз. доллар ангишт фурӯхта шуд, имсол ин рақам ба 8 миллиону 723 ҳазор доллар ё 598% бештар расид.
https://sputnik.tj/20250726/tojikiston-sodirot-barq-afzoish-1069434067.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102097/39/1020973960_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e8508f79608275855dba340e82287ef6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узбекистон, содирот, барқ
тоҷикистон, узбекистон, содирот, барқ
Тоҷикистону Узбекистон додугирифти барқу газро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ" густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Намояндагони болопояи Тоҷикистону Узбекистон содироту воридоти барқу газро мувофиқа карданд.
Ин масъала зимни вохӯрии кории вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энержии Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов муҳокима шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
"Ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, инчунин имконияти таҳвили гази табииро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи "Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ"-ро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари содироти барқ, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ содироти ангиштро низ ба Ӯзбекистон афзоиш дод.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2025 261,8 ҳазор тон ангишт, аз ин 261,7 ҳазор тон ё 98% ба Ӯзбекистон содир шудааст.
Ин рақам дар қиёс бо нимаи аввали соли гузашта 218,2 ҳазор тон ё 601% дарсад аст. Соли гузашта дар ҳамин давра (43,6 ҳазор тон) ба маблағи 10,4 ҳаз. доллар ангишт фурӯхта шуд, имсол ин рақам ба 8 миллиону 723 ҳазор доллар ё 598% бештар расид.