Тоҷикистон содироти барқро афзоиш дод: харидори асосӣ кадом кишвар ҳаст?

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2025
Обуна шудан
Харидори асосии барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсоя Афғонистон мебошад. Дар ҷои дуюм Узбекистон меистад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тоҷикистон зарфи ним соли гузашта 1 млрд 123,3 млн кВт соат нерӯи барқ ба хориҷ содир кардааст.
Маблағи фурӯш 322,6 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 405 млн кВт соат ё 56,4 % зиёд мебошад, хабар медиҳад, Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон.
Таъкид мешавад, ки аз ҳаҷми умумӣ 2,1 млн кВт соат ё 0,8 млн сомонӣ ба ҶСК “Помир-Энерҷӣ” рост меояд.
Афғонистон ва Узбекистон харидорони аслии барқи тоҷик ҳастанд.
Давоми шаш моҳи гузашта ҷумҳурӣ ба ҳукумати таҳти идораи Толибон* 718 млн кВт соат ба маблағи 312 млн сомонӣ ва ба ҶУ 395,8 млн кВт соат ба маблағи 9 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Уличный торговец продает финики на старом рынке в Кабуле, Афганистан, воскресенье, 25 мая 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2025
Дипломатия нест, фоида ҳаст: имрӯзу фардои муносиботи иқтисодии Душанбею Кобул
Дар баробари ин Тоҷикистон талафоти нерӯи барқро коҳиш дод. Ба иттилои вазири энержии кишвар Далер Ҷумъа, талафоти барқ 17%-ро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, дар 6 моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар системаи энергетикии кишвар ба 2 млрд 262,2 млн кВт соат ё 17,2% баробар гардид.
Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (20,5%) 48,8 млн кВт соат ё 3,3% кам мебошад.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0