https://sputnik.tj/20250815/blogerho-ovozkhon-andoz-tojikiston-1070033257.html
Миллионҳо сомонӣ: маълум шуд, блогерҳо ва овозхонон чӣ қадар андоз супоридаанд
Миллионҳо сомонӣ: маълум шуд, блогерҳо ва овозхонон чӣ қадар андоз супоридаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандон, блогерҳо ва овозхонону раққосаҳо дар Тоҷикистон дар таи ним соли равон ба буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
2025-08-15T17:08+0500
2025-08-15T17:08+0500
2025-08-15T17:08+0500
кумитаи андоз
андоз
блогер
овозхон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/73/1029787344_119:0:3760:2048_1920x0_80_0_0_0ed66deb4cac834808e225c22f14d245.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҳунармандоне, ки дар тӯйю маъракаҳо дар Тоҷикистон хизмат мекунанд, тайи ним сол қариби 1,2 млн сомонӣ андоз супоридаанд.Ба ҳолати аввали июл дар ҷумҳурӣ наздики 1,1 ҳазор нафар ҳунармандон, аз ҷумла овозхонҳо, раққосаҳо, навозандагон ва ровиҳою наворбардорҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ба хизмат дар тӯйу маъракаҳо машғуланд.Дар ин бора, Кумитаи андози Тоҷикистон гузориш медиҳад.Даромади блогерҳо бошад дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал ҳудуди 6 млн сомонӣ ҳисоб шудааст. Маблағи андози ҳисобшуда нисбати блогерҳо тайи шашмоҳаи аввал беш аз 1 млн сомониро ташкил додааст, иттилоъ дод Кумитаи андози ҷумҳурӣ. Маблағи андози ҳисобшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 200 ҳазор сомонӣ камтар шудааст, иттилоъ дод мақомоти андоз.Дар баробарин ин, даромади субъектҳои тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал қариби 1 млрд сомонӣ шудааст. Ширкату соҳибкороне, ки тариқи интернет дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғуланд, дар ҷамъбасти нимсола беш аз 3,8 ҳазор ададро ташкил дода, даромадашон беш аз 940 млн сомониро ташкил додааст, иттилоъ дод Кумитаи андози кишвар. Даромади умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ҳудуди 414 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20250807/tuy-kammasraf-sughd-malum-1069786254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/73/1029787344_574:0:3305:2048_1920x0_80_0_0_16a367b97a4e7ed774d023afd054b495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
блогерҳо, тоҷикистон, андоз
блогерҳо, тоҷикистон, андоз
Миллионҳо сомонӣ: маълум шуд, блогерҳо ва овозхонон чӣ қадар андоз супоридаанд
Ҳунармандон, блогерҳо ва овозхонону раққосаҳо дар Тоҷикистон дар таи ним соли равон ба буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҳунармандоне, ки дар тӯйю маъракаҳо дар Тоҷикистон хизмат мекунанд, тайи ним сол қариби 1,2 млн сомонӣ андоз супоридаанд.
Ба ҳолати аввали июл дар ҷумҳурӣ наздики 1,1 ҳазор нафар ҳунармандон, аз ҷумла овозхонҳо, раққосаҳо, навозандагон ва ровиҳою наворбардорҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ба хизмат дар тӯйу маъракаҳо машғуланд.
Дар ин бора, Кумитаи андози Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Даромади блогерҳо бошад дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал ҳудуди 6 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.
Маблағи андози ҳисобшуда нисбати блогерҳо тайи шашмоҳаи аввал беш аз 1 млн сомониро ташкил додааст, иттилоъ дод Кумитаи андози ҷумҳурӣ.
Маблағи андози ҳисобшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 200 ҳазор сомонӣ камтар шудааст, иттилоъ дод мақомоти андоз.
Дар баробарин ин, даромади субъектҳои тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввал қариби 1 млрд сомонӣ шудааст.
Ширкату соҳибкороне, ки тариқи интернет дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғуланд, дар ҷамъбасти нимсола беш аз 3,8 ҳазор ададро ташкил дода, даромадашон беш аз 940 млн сомониро ташкил додааст, иттилоъ дод Кумитаи андози кишвар.
Даромади умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ҳудуди 414 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст, афзуд манбаъ.