https://sputnik.tj/20250807/tuy-kammasraf-sughd-malum-1069786254.html
"Чил"-у "сол" ва тӯйи каммасраф: 7 минтақаи камхарҷи Суғд маълум шуд
"Чил"-у "сол" ва тӯйи каммасраф: 7 минтақаи камхарҷи Суғд маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд дар тӯю маъракаҳо, 184 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 77 ҳолат кам мебошад
2025-08-07T10:27+0500
2025-08-07T10:27+0500
2025-08-07T11:20+0500
суғд
кумитаи дин
қонуни танзими ҷашну маросим
тӯй
маърака
тӯй ва маърака
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_0:151:2889:1776_1920x0_80_0_0_5bdbeb3c0ad65ce3860e1b84b6341480.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд сатҳи қонуншиканӣ дар тӯйю маъркаҳо кам шуду худи тӯйҳо каммасраф гардидаанд.Дар умум давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд, 7 747 маъракаву маросим баргузор шуда, 65.5 млн сомонӣ маблағ масраф шудааст.Дар ин бора, зимни нишасти хабарии Идораи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд, гузориш дода шуд.Бино ба ҳисоботи Идораи мазкур, ба ҳисоби миёна, дар сари дастархони оши наҳор ва туйи домодию арӯсии шаҳрвандон 10,1 ҳаз. сомонӣ маблағ харҷ гардидааст ва ин нишондиҳанда мусбӣ арзёбӣ мегардад.Тӯйҳои домодию арӯсии камхарҷ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, ва Шаҳристон доир мегардад, гуфтанд дар нишасти хабарӣ.Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят, 923 маросими “чил” ва 388 маросими “сол” барпо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 79 адад кам мебошад.Дар 6 436 адад маъракаи тӯйю домодиву арӯсӣ маблағи хароҷот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёда аз 7 млн сомонӣ кам мебошад.Инчунин, дар шаш моҳи аввали соли 2025 шаҳрвандон барои гузаронидани 6 436 тӯй - 23 сар чорвои калон ва 1 703 сар чорвои хурд забҳ намуданд.Сабаби асосии кам гаштани хароҷотро масъулин дар шумораи камтари маъракаҳо медонанд.
https://sputnik.tj/20250729/tojikiston-maraka-ziyod-qonunshukani-kam-1069565039.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_161:0:2729:1926_1920x0_80_0_0_1a3a816b2355ebdbe5abf5f135847b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноҳияҳо, камасраф, суғд
"Чил"-у "сол" ва тӯйи каммасраф: 7 минтақаи камхарҷи Суғд маълум шуд
10:27 07.08.2025 (Навсозишуда: 11:20 07.08.2025) Давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд дар тӯю маъракаҳо, 184 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта 77 ҳолат кам мебошад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд сатҳи қонуншиканӣ дар тӯйю маъркаҳо кам шуду худи тӯйҳо каммасраф гардидаанд.
Дар умум давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд, 7 747 маъракаву маросим баргузор шуда, 65.5 млн сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Дар ин бора, зимни нишасти хабарии Идораи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд, гузориш дода шуд.
Бино ба ҳисоботи Идораи мазкур, ба ҳисоби миёна, дар сари дастархони оши наҳор ва туйи домодию арӯсии шаҳрвандон 10,1 ҳаз. сомонӣ маблағ харҷ гардидааст ва ин нишондиҳанда мусбӣ арзёбӣ мегардад.
Тӯйҳои домодию арӯсии камхарҷ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, ва Шаҳристон доир мегардад, гуфтанд дар нишасти хабарӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят, 923 маросими “чил” ва 388 маросими “сол” барпо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 79 адад кам мебошад.
Дар 6 436 адад маъракаи тӯйю домодиву арӯсӣ маблағи хароҷот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёда аз 7 млн сомонӣ кам мебошад.
Инчунин, дар шаш моҳи аввали соли 2025 шаҳрвандон барои гузаронидани 6 436 тӯй - 23 сар чорвои калон ва 1 703 сар чорвои хурд забҳ намуданд.
Сабаби асосии кам гаштани хароҷотро масъулин дар шумораи камтари маъракаҳо медонанд.