https://sputnik.tj/20250814/rusiya-tojikiston-khatlon-logistiki-sodiroti-1069973936.html
Русияву Тоҷикистон дар Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил медиҳанд
Русияву Тоҷикистон дар Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Русия омода аст барои ташкили маркази логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ намояд
2025-08-14T12:46+0500
2025-08-14T12:46+0500
2025-08-14T12:48+0500
содирот
дар тоҷикистон
русия
хатлон
логистика
марказ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_8b0dd20a4148fbbe0510e9eb3c609527.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил мекунад.Ин масъала зимни мулоқоти мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндаи навтаъини тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александ Рибас баррасӣ гардидааст.Дар ин бора, Агентии содироти Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар ин мулоқот, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар самти содирот баррасӣ намудаанд.Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон барои мусоидат дар дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи иқдоми мазкур изҳори омодагӣ намудааст.Ҳамзамон дар ин дидор қайд шудааст, ки Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Русия ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.“Роҳи худро пайдо кард" – вазир дар бораи афзоиши содироти ангиштАз Тоҷикистон ба Русия аслан меваҳои тару тоза, меваи хушк, пӯст, пахта ва ғайраҳо содирот мешавад.
https://sputnik.tj/20250802/rusiya-maqomi-avval-mahsuloti-kishovarzi-sughd-sodirot-1069657353.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_8de579b97029b0ab63634790de86020b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, маркази логистикӣ, содиротӣ
хатлон, маркази логистикӣ, содиротӣ
Русияву Тоҷикистон дар Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил медиҳанд
12:46 14.08.2025 (Навсозишуда: 12:48 14.08.2025) Русия омода аст барои ташкили маркази логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон маркази логистикии содиротӣ ташкил мекунад.
Ин масъала зимни мулоқоти мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндаи навтаъини тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александ Рибас баррасӣ гардидааст.
Дар ин бора, Агентии содироти Тоҷикистон гузориш додааст.
"Дар мулоқот, масъалаи таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати сохта ва ба истофода додани маркази муштараки мазкур ширкатҳо ва бонкҳои ҳавасманди Русия ҷалб карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар ин мулоқот, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар самти содирот баррасӣ намудаанд.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон барои мусоидат дар дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи иқдоми мазкур изҳори омодагӣ намудааст.
Ҳамзамон дар ин дидор қайд шудааст, ки Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Русия ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Аз Тоҷикистон ба Русия аслан меваҳои тару тоза, меваи хушк, пӯст, пахта ва ғайраҳо содирот мешавад.