https://sputnik.tj/20250802/rusiya-maqomi-avval-mahsuloti-kishovarzi-sughd-sodirot-1069657353.html
Русия дар мақоми аввал: Мақомот гуфт маҳсулоти кишоварзии Суғд ба куҷо содирот мешавад
Русия дар мақоми аввал: Мақомот гуфт маҳсулоти кишоварзии Суғд ба куҷо содирот мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар ба наздик 54 миллион доллар расидааст
2025-08-02T11:49+0500
2025-08-02T11:49+0500
2025-08-02T11:49+0500
дар тоҷикистон
суғд
маҳсулот
кишоварзӣ
содирот
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921643_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_5ebfc88f65a3bbcb06c4c1c3ca0c0a8d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тавре Амриддини Қосимзода, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба санаи 1 июли соли 2025 53 миллиону 641 ҳазор доларро ташкилд додааст.Дар даври ҳисоботи аз вилояти Суғд 22 ҳазору 438 тонна сабзавот, аз ҷумла 21 ҳазору 930 тонна пиёз, 54 ҳазору 701 тонна меваҷот, аз он ҷумла 8 ҳазору 332 тонна меваи тар, 465 тонна ангу, 2 тонна асал, 135 тонна пашм, 1069 тонна консерваҳо, 16 ҳазору 595 тонна нахи пахта ва 99 ҳазор дона чарми хом содирот гардид.Ба иттилои мақомоти вилоят бештари маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд ба Русия содирот шудааст.Содироти маҳсулоти кишоварзии Суғд ба хориҷи кишвар умдатан ба кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон сурат мегирад.Давоми шаш моҳи соли равон вилоят дар ҳаҷми 13,6 тон сабзавот ба Русия содирот кардааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи як соли қабл 13,5 тон зиёд аст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин давра бахши умдаи маҳсулоти содиршаванда ба Русия пиёз будааст. Ҳамин тарв дар ин давра ба Русия 13,3 ҳазор тон пиёз ва 11,5 ҳазор тонна мева содирот шудааст.Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба Русия дар ҳаҷми 21 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 миллион доллар зиёд будааст.Ҳамчунин вилояти Суғд ба кишвар Қазоқистон дар ҳаҷми 7,2 ҳазор тонна сабзавот дар ҳаҷми 10 млн. доллар содирот намудааст.Ба кишвар ҳамсоя Узбекистон бошад вилояти Суғд 433 тонна маҳсолот содирот кардааст, ки маблағи умумии он ба 2,6 млн. доллар баробар аст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии "Савдо Суғд – 2025" дар Хуҷанд миёни кишоварзони Суғд ва соҳибкорони Русия чандин санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки бахше аз он ба содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ марбут аст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42552
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921643_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_73ea9679edd53b7f25ff876ec3b077f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, содирот, маҳмулот, кишоварзӣ, суғд
тоҷикистон, русия, содирот, маҳмулот, кишоварзӣ, суғд
Русия дар мақоми аввал: Мақомот гуфт маҳсулоти кишоварзии Суғд ба куҷо содирот мешавад
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар ба наздик 54 миллион доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тавре Амриддини Қосимзода, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба санаи 1 июли соли 2025 53 миллиону 641 ҳазор доларро ташкилд додааст.
Дар даври ҳисоботи аз вилояти Суғд 22 ҳазору 438 тонна сабзавот, аз ҷумла 21 ҳазору 930 тонна пиёз, 54 ҳазору 701 тонна меваҷот, аз он ҷумла 8 ҳазору 332 тонна меваи тар, 465 тонна ангу, 2 тонна асал, 135 тонна пашм, 1069 тонна консерваҳо, 16 ҳазору 595 тонна нахи пахта ва 99 ҳазор дона чарми хом содирот гардид.
Ба иттилои мақомоти вилоят бештари маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд ба Русия содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии Суғд ба хориҷи кишвар умдатан ба кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон сурат мегирад.
Давоми шаш моҳи соли равон вилоят дар ҳаҷми 13,6 тон сабзавот ба Русия содирот кардааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи як соли қабл 13,5 тон зиёд аст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин давра бахши умдаи маҳсулоти содиршаванда ба Русия пиёз будааст. Ҳамин тарв дар ин давра ба Русия 13,3 ҳазор тон пиёз ва 11,5 ҳазор тонна мева содирот шудааст.
Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба Русия дар ҳаҷми 21 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 миллион доллар зиёд будааст.
Ҳамчунин вилояти Суғд ба кишвар Қазоқистон дар ҳаҷми 7,2 ҳазор тонна сабзавот дар ҳаҷми 10 млн. доллар содирот намудааст.
Ба кишвар ҳамсоя Узбекистон бошад вилояти Суғд 433 тонна маҳсолот содирот кардааст, ки маблағи умумии он ба 2,6 млн. доллар баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии "Савдо Суғд – 2025" дар Хуҷанд миёни кишоварзони Суғд ва соҳибкорони Русия чандин санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки бахше аз он ба содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ марбут аст.