Дар Тоҷикистон издивоҷ бештару талоқ кам шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСвадьба в Таджикистане
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2025
Обуна шудан
Дар баробари ин, дар шаш моҳи охир шумораи ҳолатҳои ақди никоҳ бо қарори додгоҳ кам шудааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4117 ақди никоҳ бекор карда шудааст.
Раиси Кумитаи кор бо занон Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 291 маврид камтар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи беэътибор донистани ақди никоҳ 3632 нафар кӯдакони ноболиғ боқӣ мондаанд.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 30 ҳазору 356 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024, 78 адад зиёд мебошад.
Ҳамчунин, Файзиддинзода хабар дод, ки бо қарори додгоҳ 230 ақди никоҳ ба далели коҳиши синни никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 100 адад камтар аст.
Парешон шудани оилаҳо ва маҳрум мондани фарзандон аз тарбияи яке аз волидон солҳост мояи нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон буд. Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудаанд.
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Дар Хатлон талоқ кам шудаасту никоҳ зиёд
Ёдовар мешавем, ки моҳи июл мақомоти ҷумҳурӣ аз ду баробар боло рафтани нархи талоқ дар кишвар хабар дода буданд. Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ аз ҷониби вакилони парлумон ворид карда шуданд.
Акнун барои сабти ақди никоҳ бо дархости яке аз ҳамсарон 2 нишондиҳандаи ҳисобӣ, бо дархости муштараки зану шавҳар 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи додгоҳ 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад.
Дар ҳоли ҳозир арзиши талоқ дар Тоҷикистон 1 нишондиҳандаи ҳисобӣ буда, ба 75 сомонӣ баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0