Русия дар миёни шарикони Тоҷикистон дар ҷои аввал аст

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонФлаги России и Таджикистана
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Обуна шудан
Сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба ва иқтидори назарраси ду кишварро нишондиҳандаҳои иқтисодӣ тасдиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар чаҳор моҳи аввали соли 2025 беш аз 700 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин бора Соҳибҷон Зиёев, сардори Шуъбаи ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷи наздики Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намояндагии чандсоҳаи соҳибкорони Русия дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол 22% буд.

"Дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон Русия бо саҳми беш аз 20% дар ҷои аввал аст", - қайд намуд Зиёев.

Ин нишондиҳандаҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба ва иқтидори назарраси ду кишвар шаҳодат медиҳанд, гуфт ӯ.
Илова бар ин, соҳаҳои муайяне ҳастанд, ки ҳарду кишвар бояд масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҳаллисозии истеҳсоли маҳсулоти Русияро дар Тоҷикистон баррасӣ кунанд.
Ба андешаи ӯ, лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти тиббӣ, инчунин технологияҳои сохтмонӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ фоидаовар хоҳанд буд.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2025
Тоҷикистон қудрати таъмини минтақаро бо барқ дорад - Сафарзода
"Маблағгузории асосӣ дар Тоҷикистон суръати баланди афзоиш дорад, сармоягузориҳои давлатӣ бахши умдаи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳанд, яъне имконот дар бозори Тоҷикистон хеле васеъ аст", - шарҳ дод ӯ.
Дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои "Шаҳри оқилона", "Шаҳри бехатар", рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ин рӯ, "ширкатҳои русӣ имкони ворид шудан ба ин бозорро доранд, ин бозор ҷойи бузурги озод дорад".
Ба гуфтаи вай, бо дастури ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, бахшҳои иқтисодиро лозим аст, ки ҳаҷми гардиши молро дар оянда ба 2 млрд доллар расонанд.
Зиёев аз ширкаткунандагони миссияи тиҷорӣ даъват кард, ки дар нахустин Анҷумани иқтисодии байнулмилалии Осиёи Марказӣ, ки қарор аст 22 июл дар Душанбе бо дастгирии Росконгресс ва ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад, ширкат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0