Тоҷикистону Узбекистон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаги Узбекистана и Таджикистана
Флаги Узбекистана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дурнамои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа байни ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд мавзӯъи аслии музокирот ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон буд.
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст, масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов баррасӣ гардид.
Дар ин дидор ҳамчунин ба масъалаҳои рушди кооператсияи саноатӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, таҳкими равобити дӯстона таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.
Илова бар ин, дар мулоқот тарафҳо масъалаи тақвият додани ҳамкории фарҳангию илмӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ карданд.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2025
Миёни Тоҷикистону Узбекистон ду гузаргоҳи нав ифтитоҳ шуд
Ҷонибҳо аз раванди муносибатҳои неки сарони давлатҳо ва амалӣ гардидани созишномаҳо байни ду давлат изҳори хушнудӣ намуданд.
Ба иттилои сафорат ин ҳамкориҳо аз амиқтар кардани шарикӣ дар ҳама соҳаҳо шаҳодат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0