Миёни Тоҷикистону Узбекистон ду гузаргоҳи нав ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2025
Обуна шудан
Ифтитоҳи ду гузаргоҳи дигар, имкон медиҳад, ки аз ин ва баъд мусофирон ва ронандагон бештар имкони убури марзи ду кишварро пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон ду гузаргоҳи нав - "Бекобод Авто" ва "Ховасобод" кушода шуданд.
Гузаргоҳҳо ба хидматрасонӣ барои убури шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва мошинҳо шурӯъ карданд.
Дар ин бора, Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Узбекистон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки убур аз ин нуқтаҳо ба таври доимӣ сурат хоҳад гирифт.
"Гузаргоҳҳо аз соати 6:00 - и 10 августи соли 2025 ба убури шаҳрвандони кишварҳои сеюм ва мошинҳо шурӯъ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Тавре котиби матбуотии раёсат Ҳусан Тангриев изҳор доштааст, убур аз ин нуқтаҳо ба таври доимӣ сурат мегирад.
Ин ба он маъност, ки аз ин ва баъд мусофирон ва ронандагон бештар имкони убури марзи ду кишварро пайдо мекунанд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2025
Тоҷикистон дар сегонаи машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо қарор гирифт
Дар маҷмӯъ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ аз 5 июни соли 2002 миёни Узбекистон ва Тоҷикистон 17 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад. Аксари онҳо мақоми байналмилалӣ доранд ва шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори ҶУ, аз моҳи январ то майи соли 2025 теъдоди шаҳрвандони Узбекистон, ки бо мақсади сайёҳӣ ба хориҷа сафар кардаанд, ба 2,7 млн нафар расид, хабар медиҳад Оҷонси омори ҶУ.
Аз 2,7 млн ҳазор шаҳрванди Узбекистон, ки бо мақсади сайёҳӣ ба хориҷ рафтаанд, беш аз ним миллионашон аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
Бо ин нишондод Тоҷикистон дар сегонаи аввали кишварҳои интихобкардаи узбекистониҳо, дар ҷои дуввум қарор гирифт. Интизор меравад, ки тавсеаи имконоти убури сарҳадӣ ин рақамро боз ҳам бештар гардонад ва ба рушди сайёҳӣ ва таҳкими равобити неки ҳамсоягӣ мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0