https://sputnik.tj/20250811/vkkh-eron-masala-dolon-zangezur-ruznoma-khorij-1069889120.html
Долон не роҳи транзитӣ: ВКХ Эрон гуфт, масъалаи долони Зангезур аз рӯзнома хориҷ шудааст
Долон не роҳи транзитӣ: ВКХ Эрон гуфт, масъалаи долони Зангезур аз рӯзнома хориҷ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар ҳузури хориҷӣ дар минтақа метавонад паёмадҳои манфӣ барои сулҳу субот дошта бошад, ки Теҳрон пайваста бо Боку ва Ереван дар ин бора сӯҳбат мекунад, гуфт Ироқчӣ
2025-08-11T13:15+0500
2025-08-11T13:15+0500
2025-08-11T13:49+0500
эрон
арманистон
озарбойҷон
има
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_0:59:3086:1795_1920x0_80_0_0_c0162104aa5ddb6c636b55bbc237a7d1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Масъалаи долони Зангезур аз рӯзнома хориҷ карда шудааст, зеро он як роҳи транзитӣ дар ихтиёри Арманистон аст, аммо Теҳрон "сабаби нигаронӣ дорад" ва аз ин рӯ, вазъро назорат мекунад. Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар суҳбат бо рӯзноманигорони эронӣ изҳор дошт.Ароқчӣ таъкид кард, ки Эрон "нигарониҳои худро дорад", яъне ҳузури эҳтимолии як ширкати амрикоӣ дар ин тарҳ. Ҳамзамон вай таъкид кард, ки ҳар ҳузури хориҷӣ дар минтақа метавонад паёмадҳои манфӣ барои сулҳу субот дошта бошад, ки Теҳрон пайваста бо Боку ва Ереван дар ин бора сӯҳбат мекунад.Аммо вазир таъкид кард, ки то кунун мавзеъҳои бунёдии ҷониби Эрон мушоҳида шуда, Ҷумҳурии Исломӣ вазъро назорат мекунад ва машваратҳо идома хоҳанд ёфт. Рӯзи 10 август муовини раиси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар умури сиёсӣ генерал Ядуллоҳ Ҷавонӣ гуфт, ки бо эътимод ба Амрико Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба ҳамон хатои Владимир Зеленский роҳ додаанд. Ба гуфтаи вай, Теҳрон бо ҳар роҳе аз тарҳи Зангезур аз амният ва манофеи миллии худ дифоъ хоҳад кард, аз ин рӯ, "орзуи Амрико" дар бораи ҳузури Амрико дар марзҳои шимолии Эрон ҳеҷ гоҳ ба воқеият табдил нахоҳад ёфт.Мушовири раҳбари олии Эрон Алиакбар Вилоятӣ дар навбати худ гуфт, ҷониби Эрон мухолифи таъсиси долон тавассути Арманистон аст, ки аз ҷониби Трамп пуштибонӣ мешавад.Вай афзуд, долони Зангезур танҳо "замин" нест, ки ба осонӣ ба иҷора гирифта шавад, зеро он як ҷузъи қаламрави давлат аст. Ба гуфтаи вай, густариши нуфузи Амрико дар ин минтақа метавонад боиси густариши нуфузи НАТО дар тамоми Қафқози ҷанубӣ шавад, ки метавонад ба як “мор” миёни Эрон ва Русия табдил ёбад. Вилоятӣ таъкид кард, ки Теҳрон ба ин иҷоза намедиҳад.
эрон
арманистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_81:0:2810:2047_1920x0_80_0_0_2987d5ccbbe8ce389343fe787f5d4d89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх эрон масъала долон зангезур рӯзнома хориҷ
вкх эрон масъала долон зангезур рӯзнома хориҷ
Долон не роҳи транзитӣ: ВКХ Эрон гуфт, масъалаи долони Зангезур аз рӯзнома хориҷ шудааст
13:15 11.08.2025 (Навсозишуда: 13:49 11.08.2025) Ҳар ҳузури хориҷӣ дар минтақа метавонад паёмадҳои манфӣ барои сулҳу субот дошта бошад, ки Теҳрон пайваста бо Боку ва Ереван дар ин бора сӯҳбат мекунад, гуфт Ироқчӣ
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Масъалаи долони Зангезур аз рӯзнома хориҷ карда шудааст, зеро он як роҳи транзитӣ дар ихтиёри Арманистон аст, аммо Теҳрон "сабаби нигаронӣ дорад" ва аз ин рӯ, вазъро назорат мекунад.
Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар суҳбат бо рӯзноманигорони эронӣ изҳор дошт.
"Масъалаи долон (Зангезур. - таҳ.) комилан канор гузошта шудааст. Сухан дар бораи як роҳи транзитӣ меравад, ки таҳти салоҳияти Арманистон, дар салоҳияти он ва дар қаламрави он <...> аз ҷониби як ширкати амрикоиву арманӣ бунёд мешавад, ки тибқи қонунҳои Арманистон дар Арманистон сабти ном мешавад", - гуфтааст вазир.
Ароқчӣ таъкид кард, ки Эрон "нигарониҳои худро дорад", яъне ҳузури эҳтимолии як ширкати амрикоӣ дар ин тарҳ.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки ҳар ҳузури хориҷӣ дар минтақа метавонад паёмадҳои манфӣ барои сулҳу субот дошта бошад, ки Теҳрон пайваста бо Боку ва Ереван дар ин бора сӯҳбат мекунад.
Аммо вазир таъкид кард, ки то кунун мавзеъҳои бунёдии ҷониби Эрон мушоҳида шуда, Ҷумҳурии Исломӣ вазъро назорат мекунад ва машваратҳо идома хоҳанд ёфт.
Рӯзи 10 август муовини раиси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар умури сиёсӣ генерал Ядуллоҳ Ҷавонӣ гуфт, ки бо эътимод ба Амрико Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба ҳамон хатои Владимир Зеленский роҳ додаанд.
Ба гуфтаи вай, Теҳрон бо ҳар роҳе аз тарҳи Зангезур аз амният ва манофеи миллии худ дифоъ хоҳад кард, аз ин рӯ, "орзуи Амрико" дар бораи ҳузури Амрико дар марзҳои шимолии Эрон ҳеҷ гоҳ ба воқеият табдил нахоҳад ёфт.
Мушовири раҳбари олии Эрон Алиакбар Вилоятӣ дар навбати худ гуфт, ҷониби Эрон мухолифи таъсиси долон тавассути Арманистон аст, ки аз ҷониби Трамп пуштибонӣ мешавад.
Вай афзуд, долони Зангезур танҳо "замин" нест, ки ба осонӣ ба иҷора гирифта шавад, зеро он як ҷузъи қаламрави давлат аст. Ба гуфтаи вай, густариши нуфузи Амрико дар ин минтақа метавонад боиси густариши нуфузи НАТО дар тамоми Қафқози ҷанубӣ шавад, ки метавонад ба як “мор” миёни Эрон ва Русия табдил ёбад. Вилоятӣ таъкид кард, ки Теҳрон ба ин иҷоза намедиҳад.