Дар вилояти Суғд қарзи андоз ба 123 миллион сомонӣ расид

© Depositphotos.com \ Erwin WodickaМенеджер с калькулятором
Менеджер с калькулятором  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2025
Обуна шудан
Нозироти андози вилояти Суғд дар бораи ҷамъоварии даромади буҷет дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд қарзи андоз беш аз 123,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора намояндаи Раёсати Кумитаи андози вилояти Суғд дар нишасти хабарии хабар дод.
Ин ракам нисбат ба нишондоди аввали сол кариб 40 миллион сомонӣ зиёд шуд.
Зимнан, дар вилоят ҳудуди 3,5 миллиард сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нақша 247 миллион сомонӣ бештар аст.
Ҳамчунин, дар ним соли равон дар вилояти Суғд 4,3 ҳазор қонуншикании андоз ошкор шудааст. Нисбати нафароне, ки қонуншиканӣ кардааанд ба маблағи 45,3 миллион сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2025
“Чемпионҳои иқтисодӣ”: қариб нисфи буҷетро 40 корхона медиҳанд
Қаблан Тоҷикистон феҳристи бузургтарин ширкатҳоеро расонаӣ кард, ки аз андоз қарздор мебошанд.
Ҳамин тариқ, аз қарздори калонтарин "Шабакаҳои тақсимоти барқ" будааст. Маблағи қарздории ин ниҳод ба 144 миллион сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, дар ин феҳрист ширкати “Талко Голд” ва “Хадамоти нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” мебошанд, ки ҳар кадом 30 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0