“Чемпионҳои иқтисодӣ”: қариб нисфи буҷетро 40 корхона медиҳанд

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳоеро номбар кард, ки қисмати умдаи буҷаи кишварро таъмин мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҳамзамон теъдоди андозсупорандагон дар нимсолаи аввали соли равон дар таърихи ин ниҳод собиқа надоштааст.
Нусратуллло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки фақат 40 субъекти хоҷагидорӣ вуҷуд доранд, ки тайи 2 - 3 соли охир миёни 43 то 45% қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилиро таъмин мекунанд
“Баъзан солҳое мешавад, ки яке ҷойи дигариро дар раддабандиҳо мегирад, аммо дар умум онҳо собит пешсафиро дар даст доранд”, - гуфт Нусратуллло Давлатзода.
Вай афзуд, корхонаи муштараки “Зарафшон”, Ширкати металлургии Анзоб, Корхонаи Тоҷикистону Амрико “Анзоб”, Ширкати куҳии Тоҷикистону Чин ва Шабакаи тақсимоти барқ 14% - и буҷетро таъмин мекунанд.
“Он гуна ки дида мешавад, афзудани теъдоди корхонаҳо, бахусус, корхонаҳои саноатӣ мӯҷиби афзойиши даромадҳои буҷетӣ шудааст”, - гуфт раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Вай гуфт, дар баробари рушди истеҳсолот, ташкили ҷойҳои корӣ, беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳиву назоратӣ, рақамикунонии соҳа, баланд шудани маданияти андозсупорандагон ва дигар авомил мӯҷиби дар умум афзойиши андозу дигар пардохтҳо шудаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 113,7% таъмин ва ба ҷои 11 миллиарду 187,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528,2 миллион сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиарду 880 миллион сомонӣ зиёд аст.
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Қарздорони калон: Мақомот ширкатҳои қарздор аз андозро ном бурд
Рақами дигар барои қиёс воридоти андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли 2021 буда метавонад, ки дар сол беш аз 13 миллиарду 722 миллион сомонӣ ё ба курси ҳамон вақт бештар аз 1,2 миллиард долларро ташкил медод. Ҳоло агар бо доллар ҳисоб шавад (1 доллар=9,5 сомонӣ), фақат дар ним сол андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба бештар аз 1,3 миллиард доллар расидааст.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, теъдоди субъектҳои хоҷагидорӣ ё андозсупорандагон низ дар кишвар, бо вуҷуди ин ки як қатор қатъи фаъолият карданд, ба 9.8 ҳазор адад афзуд.
“Дар ягон давра дар як шашмоҳа ин қадар андозсупоранда зиёд нашуда буд”, - гуфт Нусратуллло Давлатзода.
Тибқи маълумот аз Феҳристи давлатии ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар Тоҷикистон шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 375,1 ҳазор ададро ташкил додааст, дар қиёс бо аввали сол 9,8 ҳазор адад - 580 шахси ҳуқуқӣ ва 9,2 ҳазор соҳибкори инфиродӣ – афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0