https://sputnik.tj/20250729/muhojiron-peterburg-ronandagi-taksi-man-1069571197.html
Барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург рондани таксӣ манъ шуд
Барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург рондани таксӣ манъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти шимолии Русия мақомот як мамнуъитяи корро тасдиқ карданд - акнун хориҷиёне, ки тибқи патент кор мекунанд, наметавонанд ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият баранд
2025-07-29T18:15+0500
2025-07-29T18:15+0500
2025-07-29T18:15+0500
муҳоҷират
ронанда
маҳдудият
такси
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1d/1064128059_437:434:3015:1884_1920x0_80_0_0_79c972e67647084cab6372b2e647020e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. То охири соли 2025, барои хориҷиёне, ки тибқи патент дар Санкт-Петербург кор мекунанд, фаъолият ба ҳайси ронандаи таксӣ манъ карда мешавад. Фармони дахлдорро губернатор Александр Беглов имзо кардааст. Ҳамин тариқ, қарор дар бораи маҳдуд кардани ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси патент амалӣ мекунанд, қабул шудааст.. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, мамнӯъият барои намуди фаъолияти иқтисодии "фаъолияти таксиҳои мусофирбар ва мошинҳои мусофирбар бо ронанда" (...) то охири соли 2025 муқаррар шудааст. Мақомот ин тасмимро ба хотири "беҳтар кардани сифат ва амнияти хидматрасонии таксиҳо ва фароҳам овардани имконоти иловагии кор барои шаҳрвандони Русия" гирифтаанд. Қарор пас аз 10 рӯз эътибор пайдо мекунад. Ширкатҳо метавонанд, давоми се моҳ шартномаҳои кориро қатъ кунанд ва коргарони навро ҷалб намоянд. Пас аз он мақомот таъсири иҷтимоиву иқтисодии ин тасмимро ба ҳаёти шаҳр арзёбӣ мекунанд ва пас аз хулосаҳо дар бораи зарурати андешидани чунин тадбирҳо дар соли 2026 тасмим гирифта мешавад. Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд. Аз ин бармеояд, хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк намоянд. Мӯҳлати ниҳоӣ то 10 сентябри соли 2025 муқаррар шудааст. Чунин ашхос то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат, ворид карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20250725/hushdor-muhojiron-tojik-siroyat-1069325429.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1d/1064128059_528:365:2772:2048_1920x0_80_0_0_b37c519ad789bbbdb6a63bf74240e8f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудиятҳо, кор, муҳоҷирон, русия
маҳдудиятҳо, кор, муҳоҷирон, русия
Барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург рондани таксӣ манъ шуд
Дар пойтахти шимолии Русия мақомот як мамнуъити корро тасдиқ карданд - акнун муҳоҷирон наметавонанд ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият баранд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. То охири соли 2025, барои хориҷиёне, ки тибқи патент дар Санкт-Петербург кор мекунанд, фаъолият ба ҳайси ронандаи таксӣ манъ карда мешавад.
Фармони дахлдорро губернатор Александр Беглов имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, қарор дар бораи маҳдуд кардани ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси патент амалӣ мекунанд, қабул шудааст..
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, мамнӯъият барои намуди фаъолияти иқтисодии "фаъолияти таксиҳои мусофирбар ва мошинҳои мусофирбар бо ронанда" (...) то охири соли 2025 муқаррар шудааст.
Мақомот ин тасмимро ба хотири "беҳтар кардани сифат ва амнияти хидматрасонии таксиҳо ва фароҳам овардани имконоти иловагии кор барои шаҳрвандони Русия" гирифтаанд.
Қарор пас аз 10 рӯз эътибор пайдо мекунад. Ширкатҳо метавонанд, давоми се моҳ шартномаҳои кориро қатъ кунанд ва коргарони навро ҷалб намоянд.
Пас аз он мақомот таъсири иҷтимоиву иқтисодии ин тасмимро ба ҳаёти шаҳр арзёбӣ мекунанд ва пас аз хулосаҳо дар бораи зарурати андешидани чунин тадбирҳо дар соли 2026 тасмим гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Аз ин бармеояд, хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк намоянд. Мӯҳлати ниҳоӣ то 10 сентябри соли 2025 муқаррар шудааст.
Чунин ашхос то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат, ворид карда мешаванд.