https://sputnik.tj/20250618/otashi-khovari-miyona-jang-eronu-isroil-osiyoi-markazi-tasir-1068219074.html
Оташи Ховари Миёна: Чӣ гуна ҷанги Эрону Исроил метавонад ба Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Оташи Ховари Миёна: Чӣ гуна ҷанги Эрону Исроил метавонад ба Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони тоҷик бар хатми зудҳангоми ҷанги ҳавоии Эрону Исроил бовар доранд, аммо идомаи онро барои минтақаву ҷаҳон маргбор медонанд
2025-06-18T09:36+0500
2025-06-18T09:36+0500
2025-06-18T09:36+0500
эрон
дар тоҷикистон
исроил
сиёсат
таҳлил
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068166048_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b955f957789c5ccb8f3659161f90045b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Эрон ва Исроил тақрибан як ҳафта аст, ки ба хоки якдигар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом медиҳанд. Ховари Миёна шаби 13-ум июн вақте, ки Исроил амалиёти “Эҳёи Шер”-ро эълон кард ва ба хоки Эрон зарба зад, оташ гирифт. Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроил онро рафъи таҳдидҳо аз Эрон номид.Ин ҳамлаи густарда ба манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла ба шаҳри Теҳрон, рух дод, ки дар он чанд низомии аршади Эрон, аз ҷумла раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва ҳамчунин теъдоде аз донишмандони ҳастаӣ кушта шуданд. Якчанд иншооти ҳастаии ин кишвар, аз он ҷумла ба Натанз ва Фордо низ зарба зада шуд.Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст. Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти “Ваъдаи воқеъии 3”-ро бар зидди Исроил оғоз кард.Теъдоди кушташудагон аз ҳарду ҷониб алакайбеш аз сад нафар аст, шумори захмиён бештар аз 1500 нафар мебошад. Аммо дар бораи хотима додан ба мунокиша хануз ишорае нест.Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки бархӯрди Эрону Исроил барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.Ҳамла ба Русия тавассути Ховари МиёнаБа қавли коршиносон, ҳамлаи бесобиқаи Исроил ба Эрон дар чунин вазъи печидаи байнулмилалӣ, эътимоди кишварҳо ба ояндаи худро таҳти суол қарор дод, дар ҳоле ки музокироти ҳастаӣ байни Амрико ва Эрон идома дошт ва ин иқдом ба унвони замонати сулҳу субот на танҳо дар Эрон, балки дар густараи Ховари Миёна арзёбӣ мешуд, Исроил ба сурати якҷониба ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ ба Эрон анҷом дод ва нухбагони низомиву илмӣ, донишмандони раддаи аввали ҳастаии Эронро аз байн бурд ва бо ин кораш раванди барпойии як сулҳи устувор дар Ховари Миёнаро барҳам зад.Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури минтақа, мегӯяд, ин иқдом нишондиҳандаи бисёр возеҳу равшани он аст, ки наметавон ба Амрико ва музокирот бо ин кишвар ба унвони замонати амнияти худ умед баст.“Мехоҳем ё на, ба далели авомили зиёди геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳои қудратҳои бузург ва саршор будан аз манобеъи табиӣ, бахусус, энержӣ, дар сурати густардатар шудани доманаи даргирии миёни Эрону Исроил, пойи бозигарони дигарро ҳатман ба майдон хоҳад кашид, зеро миёни Исроил ва Эрон марзи муштарак вуҷуд надорад ва хоҳ-нохоҳ кишварҳои сеюм дар ин ҷанг ё рӯёрӯиҳо дахолат хоҳанд кард”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.Вай афзуд, агар оташи ихтилоф ва ҷанг дар Ховари Миёна аланга бигирад, бидуни шакку тардид, манотиқи дигари дунё, қабл аз ҳама Осиёи Марказиро таҳти таъсири мустақим қарор хоҳад дод.“Ғарб ва дар умум пуштибонони Исроил талош хоҳанд кард, ки он гуна талош шуд ба Русия аз Осиёи Марказӣ зарба зананд, Эронро низ аз ин минтақа ҳадаф қарор хоҳанд дод ва ба таври худкор Осиёи Марказӣ ба ин ҷанҷол кашида хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, роҳҳои мувосилотӣ ва тиҷоратии муҳими Осиёи Марказӣ ва Русия ба Уқёнуси Ҳинд ноамн мешавад, ки ин кишварҳоро ба инзивоъ хоҳад кашонд”, - гуфт коршинос.Бозии ҒарбИддае дигар аз коршиносон оғози як ҷанги тамомайёри “ҳама алайҳи ҳама”-ро баъид намедонанд, ки дар он аз дигар кортҳои пинҳону ошкор истифода хоҳад шуд, аз ҷумла созмонҳои террористие, ки кайҳо ба ин сӯ дар Сурияву Афғонистон тақвият мешаванд.Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, дар сурати густариши доманаи даргириҳо дар Ховари Миёна, ин гуруҳҳо ба бозигарони фаъоли ин арса табдил хоҳанд шуд, зеро ҷанг ҳамеша фурсати худнамоӣ барои чунин гуруҳҳоро фароҳам мекунад.“Бидуни шак, Ғарб сармоягузории худро сари ин кишварҳо бештар мекунад, то сафи ҷонибдорони худро ба сурати бесобиқа афзойиш диҳанд. Шиддат гирифтан ва тақвият шудани онҳо, аз ҷумла дар фазо ва густараи Шӯравии собиқ қобили пешбинӣ аст, дуруст ба монанди вазъи баъд аз “баҳори арабӣ”, ки дар пайи он садҳо нафар озими Ховари Миёна шуданд ва ДОИШ-у Таҳрири Шому дигар созмонҳои террористӣ арзи вуҷуд карданд ва тақвият ёфтанд”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.Вай афзуд, таъсири таҳаввулоти Ховари Миёна ба Осиёи Марказиро пушти баёнияҳои вазоратҳои хориҷии кишварҳои минтақа низ метавон хонд, ки эҳтимолан бо ҳамин пешбиниҳо бар ҳалли ҳар чӣ зудтари даргирии ду ҷониб ва музокироту роҳҳои сулҳомез, ба кор гирифтани Маншури СММ ва дигар қавонини байнулмилалӣ таъкид карданд.Дар ҳамин ҳол, сарнавишти Эрон, як кишвари ҳамтабор, ҳамфарҳанг, ҳамтамаддун, ҳамреша ва ба сурати табиӣ шарики раҳбурдии Тоҷикистон, на фақат дар маҳофили расмиву коршиносии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, балки мавҷе аз пуштибонии мардумӣ дар шабакаҳои маҷозиву иҷтимоӣ аз Эрон дар кӯчаву паскӯчаҳои ин кишвар бармало ба назар мерасад.Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, барои Тоҷикистон ва мардумаш якпорчагӣ ва саломату амнияти Эрон ҳамчун як кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад.“Эрон дар солҳои ҷанги дохилӣ дар канори Тоҷикистон буд ва ҳамзамон бо иттифоқи Русия аз кафилони раддаи аввали тамомияти арзӣ ва истиқлоли Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Амнияту оромиши Эрон барои Тоҷикистон муҳим буд ва мемонад”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.Ба ҳамин минвол, коршиносони тоҷик изҳори умедворӣ мекунанд, ки ҷанги Эрону Исроил дар мароҳили ибтидоӣ қатъ хоҳад шуд ва тарафҳо аз роҳи музокирот мушкили худро ҳал хоҳанд кард, аммо инро ҳам баъид намедонанд, ки Ғарб бо дастнишондаҳояш ва созмонҳои террористӣ сарфи назар аз ин ҳалли мусолиматомези буҳрон кунад ва ноамниҳоро дар минтақа ва ҷаҳон доман занад, зеро фақат қатъи интиқоли нафт аз Ховари Миёна буҳрони бузурги иҷтимоиву иқтисодиро ба дунбол хоҳад дошт, ки оқибаташон паёмадҳои нохуши амниятӣ аст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40388
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40319
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40314
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/10/1068166048_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_347f47fb714c7eeace654633a912fd1b.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи миёна, эрон, исроил, низоъ, таъсир, минтақа, амният
тоҷикистон, осиёи миёна, эрон, исроил, низоъ, таъсир, минтақа, амният
Оташи Ховари Миёна: Чӣ гуна ҷанги Эрону Исроил метавонад ба Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Эксклюзив
Коршиносони тоҷик бар хатми зудҳангоми ҷанги ҳавоии Эрону Исроил бовар доранд, аммо идомаи онро барои минтақаву ҷаҳон маргбор медонанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Эрон ва Исроил тақрибан як ҳафта аст, ки ба хоки якдигар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом медиҳанд. Ховари Миёна шаби 13-ум июн вақте, ки Исроил амалиёти “Эҳёи Шер”-ро эълон кард ва ба хоки Эрон зарба зад, оташ гирифт. Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроил онро рафъи таҳдидҳо аз Эрон номид.
Ин ҳамлаи густарда ба манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла ба шаҳри Теҳрон, рух дод, ки дар он чанд низомии аршади Эрон, аз ҷумла раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва ҳамчунин теъдоде аз донишмандони ҳастаӣ кушта шуданд. Якчанд иншооти ҳастаии ин кишвар, аз он ҷумла ба Натанз ва Фордо низ зарба зада шуд.
Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст. Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти “Ваъдаи воқеъии 3”-ро бар зидди Исроил оғоз кард.
Теъдоди кушташудагон аз ҳарду ҷониб алакайбеш аз сад нафар аст, шумори захмиён бештар аз 1500 нафар мебошад. Аммо дар бораи хотима додан ба мунокиша хануз ишорае нест.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки бархӯрди Эрону Исроил барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.
Ҳамла ба Русия тавассути Ховари Миёна
Ба қавли коршиносон, ҳамлаи бесобиқаи Исроил ба Эрон дар чунин вазъи печидаи байнулмилалӣ, эътимоди кишварҳо ба ояндаи худро таҳти суол қарор дод, дар ҳоле ки музокироти ҳастаӣ байни Амрико ва Эрон идома дошт ва ин иқдом ба унвони замонати сулҳу субот на танҳо дар Эрон, балки дар густараи Ховари Миёна арзёбӣ мешуд, Исроил ба сурати якҷониба ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ ба Эрон анҷом дод ва нухбагони низомиву илмӣ, донишмандони раддаи аввали ҳастаии Эронро аз байн бурд ва бо ин кораш раванди барпойии як сулҳи устувор дар Ховари Миёнаро барҳам зад.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури минтақа, мегӯяд, ин иқдом нишондиҳандаи бисёр возеҳу равшани он аст, ки наметавон ба Амрико ва музокирот бо ин кишвар ба унвони замонати амнияти худ умед баст.
“Мехоҳем ё на, ба далели авомили зиёди геополитикӣ, бархӯрди манфиатҳои қудратҳои бузург ва саршор будан аз манобеъи табиӣ, бахусус, энержӣ, дар сурати густардатар шудани доманаи даргирии миёни Эрону Исроил, пойи бозигарони дигарро ҳатман ба майдон хоҳад кашид, зеро миёни Исроил ва Эрон марзи муштарак вуҷуд надорад ва хоҳ-нохоҳ кишварҳои сеюм дар ин ҷанг ё рӯёрӯиҳо дахолат хоҳанд кард”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.
Вай афзуд, агар оташи ихтилоф ва ҷанг дар Ховари Миёна аланга бигирад, бидуни шакку тардид, манотиқи дигари дунё, қабл аз ҳама Осиёи Марказиро таҳти таъсири мустақим қарор хоҳад дод.
“Ғарб ва дар умум пуштибонони Исроил талош хоҳанд кард, ки он гуна талош шуд ба Русия аз Осиёи Марказӣ зарба зананд, Эронро низ аз ин минтақа ҳадаф қарор хоҳанд дод ва ба таври худкор Осиёи Марказӣ ба ин ҷанҷол кашида хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, роҳҳои мувосилотӣ ва тиҷоратии муҳими Осиёи Марказӣ ва Русия ба Уқёнуси Ҳинд ноамн мешавад, ки ин кишварҳоро ба инзивоъ хоҳад кашонд”, - гуфт коршинос.
Иддае дигар аз коршиносон оғози як ҷанги тамомайёри “ҳама алайҳи ҳама”-ро баъид намедонанд, ки дар он аз дигар кортҳои пинҳону ошкор истифода хоҳад шуд, аз ҷумла созмонҳои террористие, ки кайҳо ба ин сӯ дар Сурияву Афғонистон тақвият мешаванд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, дар сурати густариши доманаи даргириҳо дар Ховари Миёна, ин гуруҳҳо ба бозигарони фаъоли ин арса табдил хоҳанд шуд, зеро ҷанг ҳамеша фурсати худнамоӣ барои чунин гуруҳҳоро фароҳам мекунад.
“Бидуни шак, Ғарб сармоягузории худро сари ин кишварҳо бештар мекунад, то сафи ҷонибдорони худро ба сурати бесобиқа афзойиш диҳанд. Шиддат гирифтан ва тақвият шудани онҳо, аз ҷумла дар фазо ва густараи Шӯравии собиқ қобили пешбинӣ аст, дуруст ба монанди вазъи баъд аз “баҳори арабӣ”, ки дар пайи он садҳо нафар озими Ховари Миёна шуданд ва ДОИШ-у Таҳрири Шому дигар созмонҳои террористӣ арзи вуҷуд карданд ва тақвият ёфтанд”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Вай афзуд, таъсири таҳаввулоти Ховари Миёна ба Осиёи Марказиро пушти баёнияҳои вазоратҳои хориҷии кишварҳои минтақа низ метавон хонд, ки эҳтимолан бо ҳамин пешбиниҳо бар ҳалли ҳар чӣ зудтари даргирии ду ҷониб ва музокироту роҳҳои сулҳомез, ба кор гирифтани Маншури СММ ва дигар қавонини байнулмилалӣ таъкид карданд.
"Ин ба он маъност, ки дар сурати идомаи даргирии Эрону Исроил ва кашида шудани пойи қудратҳои бузурги мутахосим ба ин буҳрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, кишварҳои перомуни Эронро низ як инфиҷори бузурги амниятӣ фаро хоҳад гирифт ва созмонҳои террористие, ки дар Афғонистону Сурия интизори фурсат ҳастанд, вориди амал хоҳанд шуд”, - гуфт коршинос.
Дар ҳамин ҳол, сарнавишти Эрон, як кишвари ҳамтабор, ҳамфарҳанг, ҳамтамаддун, ҳамреша ва ба сурати табиӣ шарики раҳбурдии Тоҷикистон, на фақат дар маҳофили расмиву коршиносии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, балки мавҷе аз пуштибонии мардумӣ дар шабакаҳои маҷозиву иҷтимоӣ аз Эрон дар кӯчаву паскӯчаҳои ин кишвар бармало ба назар мерасад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, барои Тоҷикистон ва мардумаш якпорчагӣ ва саломату амнияти Эрон ҳамчун як кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад.
“Эрон дар солҳои ҷанги дохилӣ дар канори Тоҷикистон буд ва ҳамзамон бо иттифоқи Русия аз кафилони раддаи аввали тамомияти арзӣ ва истиқлоли Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Амнияту оромиши Эрон барои Тоҷикистон муҳим буд ва мемонад”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Ба ҳамин минвол, коршиносони тоҷик изҳори умедворӣ мекунанд, ки ҷанги Эрону Исроил дар мароҳили ибтидоӣ қатъ хоҳад шуд ва тарафҳо аз роҳи музокирот мушкили худро ҳал хоҳанд кард, аммо инро ҳам баъид намедонанд, ки Ғарб бо дастнишондаҳояш ва созмонҳои террористӣ сарфи назар аз ин ҳалли мусолиматомези буҳрон кунад ва ноамниҳоро дар минтақа ва ҷаҳон доман занад, зеро фақат қатъи интиқоли нафт аз Ховари Миёна буҳрони бузурги иҷтимоиву иқтисодиро ба дунбол хоҳад дошт, ки оқибаташон паёмадҳои нохуши амниятӣ аст.