https://sputnik.tj/20250809/alisher-mirzonabot-sanoat-vmkb-1069841007.html
Алишер Мирзонабот рушди саноат дар ВМКБ-ро бесобиқа гуфт
Алишер Мирзонабот рушди саноат дар ВМКБ-ро бесобиқа гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба гузориши Алишер Мирзонабот, соҳаи саноат дар ВМКБ бемайлон рушд намуда истодааст
2025-08-09T10:31+0500
2025-08-09T10:31+0500
2025-08-09T10:31+0500
саноат
вмкб
алишер мирзонабот
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/08/1069839276_0:378:1881:1436_1920x0_80_0_0_2134a3015215add346043e7a301de33b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввал дар вилоят 45 корхонаю коргоҳҳо бо 360 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.Дар ин бора, раиси ВМКБ зимни нишасти хабариаш гузориш доду чунин раванди саноатикунониро дар вилоят, бесобиқа хонд.Ба гуфтаи раиси вилоят, дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ 183 ададро ташкил додааст..Ӯ гуфт аксари корхонаҳои саноатӣ дар вилоят, зимни сафари президент ба баҳрабардорӣ расиданд.Дар ин сафар, ҳудуди вилоят, дар маҷмуъ 140 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 45 тои он корхонаҳои саноатӣ ва 27 адади дигар муасиссаҳои томактабӣ мебошанд. Маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, давоми шаша моҳи соли ҷорӣ ба 102,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.Ҳамчунин, дар ин давра 91,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,2 га ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, 225,7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 6,8 млн сомонӣ афзудааст.Феълан дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 217,1 млн доллар ё 76,6%-и умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20250626/zebi-tojhoi-imperatori-yo-qissai-faromushshudai-lali-badakhshon-1068466926.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/08/1069839276_0:257:1706:1536_1920x0_80_0_0_f984a52b7e8a7de22643412abfb9ffbd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рушд, соҳаи саноат, вмкб
Алишер Мирзонабот рушди саноат дар ВМКБ-ро бесобиқа гуфт
Бино ба гузориши Алишер Мирзонабот, соҳаи саноат дар ВМКБ бемайлон рушд намуда истодааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввал дар вилоят 45 корхонаю коргоҳҳо бо 360 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора, раиси ВМКБ зимни нишасти хабариаш гузориш доду чунин раванди саноатикунониро дар вилоят, бесобиқа хонд.
Ба гуфтаи раиси вилоят, дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ 183 ададро ташкил додааст..
Ӯ гуфт аксари корхонаҳои саноатӣ дар вилоят, зимни сафари президент ба баҳрабардорӣ расиданд.
Дар ин сафар, ҳудуди вилоят, дар маҷмуъ 140 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 45 тои он корхонаҳои саноатӣ ва 27 адади дигар муасиссаҳои томактабӣ мебошанд.
Маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, давоми шаша моҳи соли ҷорӣ ба 102,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ин давра 91,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,2 га ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, 225,7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 6,8 млн сомонӣ афзудааст.
Феълан дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 217,1 млн доллар ё 76,6%-и умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.