Қотилони 5 хонавода дар Конибодом абадан паси панҷара рафтанд: Додситонии кулл

© Foto / Агентство по контролю за наркотиками при Президенте РТҲабибулло Воҳидзода. Архивное фото
Ҳабибулло Воҳидзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон силсилакушторҳо дар шаҳри Конибодомро шарҳ дода, мақсади асосии қотилонро гуфт
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Силсилакушторҳо дар шаҳри Конибодом ба мақсади ғоратгарӣ ва ба даст овардани пул содир шудааст.
Дар ин бора, додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфти ӯ, гунаҳкорони ин кушторҳои мудҳиш вазнинтарин ҷазо, мутобиқи қонуни Тоҷикистонро гирифтанд.
"Онҳо ба ҳабси абад маҳкум шуданд", - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Дар ин парванда чаҳор нафар даст доштанд - ду сокини 26 ва 27 - солаи деҳоти Гулбоғ, ду муттаҳами дигар мардҳои 28 ва 36 - сола сокинони деҳоти Лоҳутӣ ва Ҳамробоев мебошанд.
Ба иттилои Додситонии кулл, ин ҳодисаи мудҳиш силсикушторҳо буда, дар паи он 15 узви 5 хонавода, аз ҷумла 5 ноболиғ ба қатл расонида шудааст.
Стела в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Боздошти 4 нафар дар робита ба қатлҳои мудҳиш дар Конибодом
Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели соли 2024 шурӯъ шуду чандин моҳ идома кард.
Лентаи хабарҳо
0