https://sputnik.tj/20250729/tojikiston-maraka-ziyod-qonunshukani-kam-1069565039.html
Дар Тоҷикистон маъракаҳо зиёду қонуншиканӣ кам шудааст
Дар Тоҷикистон маъракаҳо зиёду қонуншиканӣ кам шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон зимни баргузории тӯйю маъракаҳо давоми ним соли 2025 камтар ба қонуншиканӣ роҳ додаанд
2025-07-29T12:58+0500
2025-07-29T12:58+0500
2025-07-29T12:58+0500
кумитаи дин
дар тоҷикистон
маърака
тӯй ва маърака
қонуншиканӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/80/1029628045_0:164:2730:1700_1920x0_80_0_0_07a90d8a753b92f17b0ac6bcc4a085c0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 41 630 маърака сабт шудаст, хабар доданд намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар нишасти матбуотӣ.Гуфта шуд, дар ин давра, вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (885) - 255 ҳолат кам мебошад.Аз ин шумора 615 ҳолат ҷазо таъин гардида, 15 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ крада шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомониро ташкил намуд. Аз ин миқдор 2 миллиону 691 ҳазору 436 сомонӣ рӯёнида шудааст.Дар Тоҷикистон маъракаҳо каму нақзи қонуни танзим зиёд шудаастВале, ба ин нигоҳ накарда, дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/80/1029628045_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5f0639ab393fecf988b8b2305801d2a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
танзим, ҷашн, маросим, тоҷикистон
танзим, ҷашн, маросим, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон маъракаҳо зиёду қонуншиканӣ кам шудааст
Мардуми Тоҷикистон зимни баргузории тӯйю маъракаҳо давоми ним соли 2025 камтар ба қонуншиканӣ роҳ додаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 41 630 маърака сабт шудаст, хабар доданд намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, дар ин давра, вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (885) - 255 ҳолат кам мебошад.
Аз ин шумора 615 ҳолат ҷазо таъин гардида, 15 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ крада шудааст.
Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомониро ташкил намуд. Аз ин миқдор 2 миллиону 691 ҳазору 436 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Вале, ба ин нигоҳ накарда, дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.
Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.