https://sputnik.tj/20250807/tojikiston-kishvarh-iiao-vorid-1069790770.html
Қариби нисфи мол ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО ворид мешавад
Қариби нисфи мол ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба гузориши Агентии омори Тоҷикистон бештари моли воридотии Тоҷикистон аз ду кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид карда мешавад
2025-08-07T14:23+0500
2025-08-07T14:23+0500
2025-08-07T14:23+0500
ииао
дар тоҷикистон
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_0:252:2747:1797_1920x0_80_0_0_c6fa650c94e80c7aa74a180fe7fd3e9e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Қариби нисфи молу коло ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО, асосан Русия ва Қазоқистон ворид мешавад. Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.Воридоти мол дар нимсолаи аввали 2025 ба Тоҷикистон асосан аз:Ба Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий, равғани растанӣ, меваю сабзавот, нуриҳои минералӣ ва орд ворид карда мешавад.Ин дар ҳолест, ки ахиран масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба узвияти ИИАО-ро вазир иқтисоди кишвар Завқӣ Завқизода шарҳ дод.Ӯ гуфт, масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад.Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250806/vazir-iqtisod-payvastshavi-tojikiston-iiao-1069783881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101513/50/1015135002_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_315193c409fff383747bca39c6a9d9e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишварҳо, мол
тоҷикистон, кишварҳо, мол
Қариби нисфи мол ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО ворид мешавад
Додаҳои Агентии омори Тоҷикистон ҳокист, ки бештари моли воридотии Тоҷикистон аз ду кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Қариби нисфи молу коло ба Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО, асосан Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Воридоти мол дар нимсолаи аввали 2025 ба Тоҷикистон асосан аз:
Русия – 26,9% аз ҳаҷми умумии воридот,
Туркия – 2,3% сурат гирифтааст.
Ба Тоҷикистон аз ин кишварҳо асосан, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гази моъе, гандум, чӯбу тахта, шакар, оксиди алюминий, равғани растанӣ, меваю сабзавот, нуриҳои минералӣ ва орд ворид карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба узвияти ИИАО-ро вазир иқтисоди кишвар Завқӣ Завқизода шарҳ дод.
Ӯ гуфт, масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.